Олимон: “Тоҷикистон 20%-и талабот ба барқро метавонад аз ҳисоби энергияи офтоб қонеъ созад”

Asia-Plus

Мувофиқи ҳисоби олимони Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ, агар ҳамагӣ 1 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, неруи барқе, ки аз онҳо тавлид мешавад, метавонад 5 млрд киловатт/соатро ташкил диҳад. Чунин маълумот дар як маводи нашрияи парлумонии “Садои мардум” нашр шудааст.

Ба ақидаи мутахассисони тоҷик, интенсивнокии радиатсияи офтоб дар кишвари мо ба 1 метри мураббаъ 1000 волтро ташкил дода, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳо соле ба 280-330 рӯз мерасад.

“Агар дар ҷумҳурӣ низ мисли аврупоиҳо дар хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангию варзиш насби панелу обгармкунакҳои офтобӣ васеъ ба роҳ монда шавад, метавонем аз ин ҳисоб то 20 дарсади талаботи энергетикиро қонеъ намоем”, – менависад нашрия.

Чин ба гунаи мисол оварда шудааст, ки соли 2023 иқтидори неругоҳҳои офтобии ин кишвар 55,2 фоиз (216,88 гигаватт) афзудааст. Дар маҷмуъ, иқтидорҳои нави неругоҳҳои офтобию шамолии Чин аз неругоҳҳои ҳароратии бо ангиштсанг коркунанда зиёд шуда, аз ҳисоби насби панелҳои офтобӣ сӯхтани 2 млн 82 ҳазору 400 тонна (!) ангиштсанг пешгирӣ гардидааст. Ҳоло калонтарин неругоҳҳои офтобии ҷаҳон дар мавзеи Руотсяни ноҳияи автономии Синтзян Уйғури Чин сохта шудааст, ки иқтидораш 4000 мегаватт мебошад.

Гуфта мешавад, пас аз Чину ИМА аз ҷиҳати теъдоду иқтидори неругоҳҳои офтобӣ Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Соли 2024 дар Ҳиндустон аз ҳисоби неругоҳҳои офтобӣ ба низоми энергетикии мамлакат боз 24 ҳазору 500 мегаватт неруи барқ изофа шудааст, ки ин рақами рекордӣ мебошад. Истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ин кишвар ба 209,4 ҳазор мегаватт расидааст, ки 47 дарсади он ба неругоҳҳои офтобӣ рост меояд.

Аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар 25-тои он (ғайр аз Белгия ва Венгрия) ба насби панелҳои офтобӣ дар балконҳо иҷозат дода шудааст. Дар Олмон маъракаи гузоштани панелҳои офтобӣ дар бом ва балконҳои хонаҳои истиқоматӣ авҷ гирифта истодааст, зеро барқи аз таҷҳизоти офтобӣ ҳосилшуда нисбат ба барқи шабакаи умумӣ се маротиба арзон аст. Системаҳои офтобӣ вобаста ба иқтидор аз 400 то 1200 евро нарх дошта, дар 5-6 сол пулашонро ҷуброн менамоянд ва 15-20 соли дигар бепул барқ медиҳанд

Дар Стратегияи рушди «иқтисоди сабз»-и Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки  то соли 2030 иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонида шавад.

Дар паёми ахири худ ба парлумон рӯи 28 декабри соли 2024 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад/

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...