Созишнома оид ба сарҳади давлатӣ. Тоҷикистон ва Қирғизистон кадом қитъаҳоро иваз карданд?

Asia-Plus

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон имрӯз, 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома изҳори назар накардааст. Бо такя ба изҳороти Қамчибек Тошиев мо таҳлил кардем, ки кадом қитъаҳо байни ду кишвар иваз шуданд.

 

190 га ба 190 га

Тоҷикистон дар ноҳияҳои сарҳадии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров қитъаҳои зеринро гирифт:

– Саада – 21 га;

– Раззоқов – 23,5 га;

– Селкан – 4 га;

– Майти – 7 га;

– Пролетарск – 12,5 га;

– Улақ-Ҷой – 15 га;

– Оқ-Ариқ – 7 га;

– Қарабоқ – 65 га.

Илова бар ин, ба ҷои бурунбум ё анклави қирғизии Қайрағоч, 35 га замин аз қитъаи Майт ба Тоҷикистон дода шуд. Ҳамагӣ 190 га.

Дар навбати худ, Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки ҳамсарҳад бо ин ноҳияҳо 155 га аз қитъаи Қайрағаш ва 35 га замини анклави қирғизии Қайрағашро, ки дар дохили ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошт, гирифт. Ҳамагӣ – 190 га.

 

12 га ба 25 га

Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом-Исфара" ва бозори "Дӯстӣ" (Арка)-ро, ки дар паҳлӯи ин роҳ ҷойгир аст, ба даст овард. Масоҳати умумии он 12 га-ро ташкил медиҳад.

Дар иваз, Қирғизистон 25 га замини кишоварзӣ дар минтақаи Лаккони ноҳияи Исфараро гирифт. Қамчибек Тошиев шарҳ дод, ки чаро Қирғизистон дар ивази як роҳ ва як бозори хурд ду маротиба бештар замин гирифт.

"Ба ивазаш мо ду баробар бештар замин гирифтем. Чаро? Мо фаҳмондем, ки ин бозор аст, мардум аз он даромад мегиранд. Ин аввалин далел аст. Дуюм, роҳ танҳо як минтақаи замин нест".

 

200 га ба 200 га

Тоҷикистон 200 га заминро дар ҷамоати Лаккон ба даст овард. Ин як қитъаи роҳ аст, ки роҳи мустақимро ба шаҳри Исфара таъмин мекунад.

Дар иваз, Қирғизистон 200 га замини кишоварзӣ гирифт: 130 га дар атрофи деҳаи Қарабоқ ва ҷамоати Лаккон, 70 га дар минтақае бо номи Қуруқ-Сой.

 

Бар ивази "Головной" – 750 га замин

"Мо 3 обпарто (люк, шлюз)-ро ба таври баробар тақсим кардем – яъне ба ҳар яке 1,5 обпарто. Дар ивази ин, мо 500 га аз қитъаи Мунҷу-Булакро дар ноҳияи Чон-Алай (дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон) гирифтем. Ин қитъа хеле баҳснок буд. Ҳамчунин, 100 га аз қитъаи Кароал-Дон ва 150 га аз қитъаи Катта-Туз (дар марзи ҷамоати Ниёзбек, ноҳияи Конибодом) гирифтем.

Ин қитъа гоҳо аз Тоҷикистон ва гоҳо аз Қирғизистон гуфта мешуд, баҳсҳо вуҷуд доштанд. Аммо мо ҳуҷҷатҳоро санҷидем ва маълум шуд, ки ин қитъа ҳеҷ гоҳ аз Қирғизистон набуд. Бо вуҷуди ин, онро баробар тақсим кардем – 300 ба 300 га. Ҳамаи чоҳҳои нафтӣ низ баробар тақсим карда шуданд. Ба илова, аз 300 га боз 150 га замини иловагӣ гирифтем. Ҳамин тавр, агар қитъаи Катта-Туз 600 га буд, мо 450 га гирифтем. Дар ивази 1,5 обпарто дар "Головной", мо 750 га замин гирифтем", – изҳор дошт Ташиев.

 

142 га ба 142 га

Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара чунин қитъаҳои Қирғизистонро гирифт:

– 91 га замини сокинони деҳаи Дӯстӣ;

– 8,3 га аз қитъаи Мазоит;

– 17,5 га аз деҳаи Кок-Терек;

– 20,1 га аз деҳаи Таш-Тумшуқ;

– 5 га аз қитъаи Дача дар ноҳияи Ботканд.

Ҳамагӣ – 141,9 га.

 

Қирғизистон бошад, дар ин минтақа чунин минтақаҳоро аз Тоҷикистон гирифт:

– 18,4 га аз деҳаи Сомониён;

– 3,1 га аз қитъаи Дахма;

– 21,5 га аз қисми деҳаи Хоҷаи-Аъло;

– 2,7 га аз қитъаи Говсувор (Зарафшон) дар ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара;

– 42 га аз қитъаи Мин-Булак;

– 55 га аз қисми қитъаи Лакконро (дар ҷамоати Лаккони ноҳияи Исфара) гирифт.

Ҳамагӣ – 142,7 га.

Илова бар ин, ба ивази ҷуброни хонаҳои нав дар деҳаи Дӯстӣ, Қирғизистон 30 га замини кишоварзӣ дар қитъаи Лаккони Тоҷикистонро гирифт.

 

Ворух ва чарогоҳҳои атрофи он

"Ҷониби Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти соли 1991, аз 19 ҳазор га замин истифода мекард. Баъди музокироти душвор, мо ба онҳо 14,5 ҳазор га додем. Илова бар ин, тибқи дархости онҳо, 1 ҳазор га чарогоҳҳои атрофи Ворух низ ба ҷониби Тоҷикистон дода шуд. Дар иваз, мо 1 ҳазор га чарогоҳҳои қитъаи Караған-Сойро дар ноҳияи Чон-Алай гирифтем", – гуфт Қамчибек Тошиев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...