КМИР интихоботи парлумонии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон кард

Asia-Plus

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) бо нашри як иттилоия дар АМИТ “Ховар” хабар дод, ки дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 2-ми март оғоз кардида, ҳоло ҷараён дорад, то соати 12:00 59 дарсади овоздиҳандагон иштирок кардаанд.

“Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузоргардида ҳисобида шуд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд”, – гуфт КМИР.

Тасдиқи дурусти ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо ғайриимкон аст. КМИР ба хабаргузории “Азия-Плюс” барои пӯшиши раванди интихобот иҷоза надод ва аз ироа ҳар гуна иттилоъ ҳам худдорӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соли ҷорӣ бо иштироки 6 ҳизби сиёсӣ идома дорад. Чанд номзади мустақил ҳам кориди корзори интихоботӣ ҳастанд. Дар умум, барои 63 курсии пурлумони Тоҷикистон 220 номзад, аз ҷумла 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд.

Гуфта мешавад, барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, берун аз кишвар дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи 6 ҳизбе, ки вориди корзори интихоботӣ шудаанд, аз мавқеи ҳукумат ошкори пинҳон пуштибонӣ мекунанд. Барномаҳои аксари онҳо ҳам ба ҳам шабоҳатҳои зиёд дорад.

Ягона ҳизби расман амалкунанда – Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот иштирок намекунад ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надодааст.

Имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.

Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...