Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 18-уми март, бо фармону қарорҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон директори чанд институти Академияи миллии илмҳо, ректори донишкадаҳо ва муовинони вазорату кумитаҳо нав ва сафирони тоҷик дар хориҷа таъйин шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои президент Бобокалонзода Луқмон сафири Тоҷикистон дар Шри-Ланка ва Сингапур ва Парвиз Мирзозода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Марокаш таъйин гардиданд.

Бо қарорҳои ҳукумат нафарони зер низ ба курсии муовинони вазир нишастанд:

Фаррух Неъматзода – муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон;

Ҳомид Ҳошимзода – муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон;

Бадриддин Музаффарзода – муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон;

Мадина Набизода – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила;

Чаманоро Одиназода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила;

Абдулло Сафарзода – директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон;

Файзиддин Баротзода – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот;

Аҳлиддин Саиднуриддинзода – муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ;

Динора Ҷабборзода – муовини сардори Хадамоти иҷро;

Исмоил Одиназода – муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ.

 

Тағйирот дар муассисаҳои фарҳангӣ

Инчунин, бо қарори дигар Маҳмуд Назарзода – ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардид. Аз соли 2020 то кунун ректори ин донишкада Муҳриддин Низомӣ буд. Ӯ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа рафт, вале курсии наваш то ҳол муайян нест.

Баҳодур Давлатзода ба ҷои Миралӣ Достизода ба курсии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов нишаст. Достизода ҳам 5 сол дар ин вазифа фаъолият кард ва кунун “бо сабаби ба нафақа баромадан” пурра аз кор рафт.

Масрур Саидзода ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин гардид. То ин дам Манучеҳр Садриддинзода иҷрокунандаи ин вазифа буд.

 

Тағйирот дар муассисаҳои илмӣ

Бо қарорҳои раиси ҳукумат директори институтҳои АМИТ низ иваз шуданд:

Аминҷон Гулаҳмадзода директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ таъйин шуд. Моҳи январ Ориф Амирзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа рафта буд.

Комил Бобозода директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ таъйин шуд ва Шариф Раҳимзода аз ин курсӣ ба нафақа баромад.

Носир Сафарализода директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ таъйин шуд ва Пулод Аминзода ҳам аз ин вазифа ба нафақа баромад.

Абдулназар Абдулназарзода  директори Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбекови АМИТ таъйин шуд ва Гулнора Хуҷамзода ҳам аз ин вазифа ба нафақа рафт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...