Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!

Варақаи иттилоотӣ

То аввали моҳи март ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар тамоми манотиқи кишвар 60 майдони  нави пойгоҳҳои  базавӣ (ПБ)-ро ба кор даровард. Соли ҷорӣ шумораи умумии пойгоҳҳои нави базавии 4G/LTE, ки дар ин майдонҳо  насб шудаанд ва дар диапазонҳои басомади гуногун кор мекунанд, аз 100 адад гузашт. Сохтмони фаъолонаи шабакаи насли чорум ҷиҳати  дастгирии ташаббусҳои ҳукумат дар самти  рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияҳо  идома дорад.  

Дар оғози соли 2025 ширкат шумораи бештари пойгоҳҳои  нави базавии  4G-ро дар вилояти Хатлон  роҳандозӣ намудааст.   Дар ин ҷо шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо зиёда аз 20 ПБ  дар шаҳрҳои   Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Норак,  Данғара ва ноҳияҳои  Ч.Балхӣ, Восеъ, Ҷайхун, А.Ҷомӣ, Қубодиён, Кушониён, Фархор, Хуросон ва Ёвон васеъ карда шуд.    

Дар ҷои дуюм вилояти Суғд қарор дорад, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ  ва Спитамен 14 майдони пойгоҳи базавӣ фаъол гардид.       

Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои  Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Файзобод, Шаҳринав ва дар як қатор  ноҳияҳои ВМКБ, аз ҷумла  Ванҷ,   Дарвоз, Мурғоб ва Рӯшон  шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» тақвият дода шудааст. Ҳамгироии  пойгоҳҳои нави базавӣ суръати интернети мобилиро  баланд бардошта,    ҷиҳати  дастрасии хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои сокинони минтақаҳои Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.   

«Солҳои 2025-2030 дар кишварамон    «Солҳои рушди  иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд.  Бо мақсади вусъат  бахшидан  ва пайваста васеъ намудани  digital-сервисҳо,  мо аз рӯзҳои аввали моҳи январ  фаъолона  пойгоҳҳои базавиро  дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор медарорем.  Ҳамаи ин  тасмимҳо барои қонеъгардонии талаботи замон  ва интизориҳои  муштариёни  мо  равона  гардидааст», – мегӯяд Директори генералии  ширкати   «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...