Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти дахлдори Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хостаанд, ки то 35-рӯзи оянда ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд ва пеш аз сафар ба ин кишвар аз санҷиши манъи вуруд дар Тоҷикистон гузаранд.

Нахуст, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ёдрас шуд, ки то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди Русия қонунӣ гардонида ба корашон идома диҳанд.

“…шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд нагирифтаанд, патенти корӣ надоранд ё барои он ҳармоҳа боҷ напардохтаанд ва инчунин ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шудаанд, метавонанд аз ҳудуди Россия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, имконияти қонунӣ кор карданро дар қаламрави Россия пайдо намоянд”,-омадааст дар изҳороти ВКД.

Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар куҷо метавонанд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд.

Ин маъмулан дар шуъбаҳои корҳои дохилии маҳалли зист ва ё марказҳои давлатӣ, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, амалӣ карда мешавад.

Бо чунин дархост Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон  ва намояндагии ин ниҳод дар Русия низ баромад карда, бо нашри изҳороти алоҳида аз муҳоҷирон хостаанд, ки то 30-юми апрел ба мақомоти дахлдори Русия рафта ҳузури худро қонунӣ кунанд ё ҳудуди ин давлатро тарк намоянд.

Вазорат гуфтааст, ки дар сурати дар муҳлати муайяншуда агар шаҳрванд аз қайд нагузарад ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид мегарданд.

Намояндагии вазорат дар Русия ҳамчунин аз шаҳрвандоне, ки нияти рафтан ба ин кишварро доранд хостааст, ки пеш аз сафар дар Душанбе аз санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт гузаранд. Ба гуфтаи мақомот, ин амал барои бемушкил ба қаламрави Русия ворид шудани муҳоҷирон ва гирифтани патент кӯмак мерасонад.

Ин ниҳод пайванди санҷиши пеш аз сафарро гузоштааст, ки шаҳврандон ному насаби худро дар он тафтиш кунанд.

Намояндагӣ гуфтааст, ки шаҳрвандонеро, ки вуруди онҳо ба  Русия манъ шудааст, зарур аст дар муҳлати кутоҳтарин ин давлатро тарк кунанд вагарна “тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудашон ба муҳлати 3, 5 ва ё то 10 сол манъ карда мешавад”.  

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия меоянд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Русия фаъолият намоянд”,-омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар сурати пайдо шудани саволҳо оид ба будубош ва талаботҳои қонунгузории Русия тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат кунанд.  

Бояд гуфт, ки охири соли 2024-ум Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармоне имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадоранд то 30-юми апрели соли 2025 “вазъи ҳуқуқии худро танзим кунанд” ё Русияро тарк намоянд. 

То моҳи октябри соли 2024 ба феҳристи шахсони таҳти назорат зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд. Дар ин феҳрист маълумоти муҳоҷирон сабт шудааст, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратии онҳо гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки боиси ихроҷ дар ин кишвар мешавад.

Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти @apnamecheck_bot фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.

Дар робита ба ин масъала метавонед дар матлаби “Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост!” бештар маълумот дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...