Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо

Asia-Plus

Намояндаи сатҳи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас раёсати вохӯриро дар сатҳи вазирони ИА ва Осиёи Марказӣ (ОМ) ба уҳда хоҳад дошт. Ин вохӯрӣ рӯзи 27 март дар Ашқобод (Туркманистон) бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ба ҷуз омодагӣ ба нахустин дар таърих нишасти ИА – Осиёи Марказӣ дар Самарқанд рӯзҳои 3-4 апрели соли 2025, ба маҷмӯи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина ба минтақа, инчунин нақлиёт, алоқаи рақамӣ, аёши хоми муҳим, энергетика ва захираҳои обӣ, савдо, робитаҳо байни одамон, маориф ва таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар сатҳи вазирони ИА – ОМ баёния (коммюнике)-и муштарак қабул карда мешавад.

Пеш аз вохӯрӣ Кайя Каллас бо президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳҳамедов, инчунин вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтушунид мекунад.

Роҳбари дипломатияи Аврупо аз Ашқобод ба Ӯзбекистон раҳсипор шуда, бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва вазири умурии хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов дидопру гуфтушунид анҷом медиҳад.

Сипас ӯ ба Алмато рафта, рӯзи 28 март бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва вазир корҳои хориҷии ин кишвар Мурат Нуртлеу вомехӯрад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...