Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?

Милана Ена, Asia-Plus

Аз 1-уми апрели соли 2025 барои муҳоҷирон дар Русия қоидаҳои нав мавриди амал қарор мегиранд. Кӯдакони онҳо пеш аз қабул ба мактаб акнун аз забони русӣ имтиҳон месупоранд ва ба ронандагон бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ лозим меояд, ки сатҳи касбияти худро тасдиқ кунанд. Ғайр аз ин, шумори симкортҳо маҳдуд шуда, мақоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ шадидтар назорат мешавад. Боз кадом тағйиротҳо ҷорӣ шуданд?

 

Кӯдакони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо қабул карда намешаванд

Акнун барои қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Русия аз сатҳи донистани забони русӣ имтиҳон (тест) месупоранд. Он дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ баргузор шуда, вале барои хонандагони синфи якум танҳо суҳбати шифоҳӣ кифоя аст.

Агар кӯдак шумори кофии баллҳоро нагирад, ӯро ба таҳсил роҳ намедиҳанд. Такрори супоридани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имкон дорад.

Барои гузаштан тест, аз 5 балли имконпазир 3 балл гирифтан кофист.

 

Хориҷиён акнун аз 10 симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд

Акнун дар Русия барои харидории симкортҳо маҳдудиятҳо (лимитҳо) муқаррар карда мешаванд.

Шаҳрвандони Русия имкон доранд, ки барои як кас на бештар аз 20 симкорт гиранд. Хориҷиён бошанд – на зиёдтар аз 10 симкорт.

Ин маҳдудият барои он ҷорӣ шуд, ки баъзан барои 1 муштарӣ садҳо рақамҳоро ба расмият медароварданд, ки ба қаллобон ҷиҳати истифодаи онҳо дар нақшаҳои гуногун имкон медод. Тибқи маълумоти Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва васоити ахбори омма (Роскомнадзор), то моҳи сентябри соли 2024 24,9 ҳазор нафар зиёда аз 20 симкорт доштанд.

 

Шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ дигар амал намекунанд.

Аз 1-уми апрел шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷии касоне, ки аллакай 1 сол ё зиёда аз ин муддат дар Русия тибқи дарёфти шаҳрвандӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё Ҳуҷҷати иқомати муваққатӣ (РВП) зиндагӣ мекунанд, ҳукми қонунии худро гум мекунанд.

Барои идомаи ронандагӣ акнун лозим меояд, ки барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии Русия дар БДА имтиҳон супурд ва шаҳодатномаи ронандагии русӣ гиред.

Ин талабот ба шаҳрвандони Русия, ки  муддати тӯлонӣ дар хориҷи кишвар иқомат доштану шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ гирифтаанд, низ дахл дорад.

Агар ронанда ҳуҷҷатҳояшро иваз накунад, ба ӯ ҷарима ба маблағи то 15 ҳазор рубл, инчуин маҳрум шудан аз ҳаққи ронандагӣ то гирифтани шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ таҳдид мекунад.

Ғайр аз ин, то 1-уми апрел шаҳрвандони хорҷиӣ бояд будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд. Акнун то 30-юми апрели соли 2025 онҳо бояд мақоми қонунии худро ба тартиб оранд. Касоне, ки ин корро намекунанд, ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомил мешавад, яъне ба онҳо лозим меояд, ки кишварро тарк кунанд.

Агар шумо будубоши худро қонунӣ накунед, шуморо ба "феҳристи шахсони назоратшаванда" ё "рӯйхати сиёҳ" ворид мекунанд. Дар ин сурат, шуморо мушкилоти бақайдгирӣ, маҳдудияти хидматрасониҳо ва ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...