ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 9 АПРЕЛ
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи асарҳои таъмиршудаи санъати тасвирӣ таҳти унвони “Баргаштан” идома дорад. Он дирӯз оғоз шуда, то 22-ми апрел давом мекунад.
– Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши "Туҳфа аз муҳоҷират…" дар коргардонии Шодӣ Солеҳов намоиш дода мешавад. Иҷрокунандаи нақши асоси Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳов мебошад.
– Имрӯз соати 10:00 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” таҳти унвони “Ҳаёти ҷовидонӣ аз қалам эҷод мегардад” мегузарад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 9 АПРЕЛ
Соли 1957 – Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфт.
Соли 2001 – Нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.
Соли 2011 – Дар Тоҷикистон сохтори нави СММ – “UN Women” (Занони СММ) ба фаъолият шурӯъ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1937 – Мавлуди Геннадий Александров, оҳангсоз ва Арбоби шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1943 – Зодрӯзи Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшинос ва додраси пешини тоҷик.
Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик ва додраси собиқ дар рушди низоми судии Тоҷикистон нақши муҳим доштааст. Ӯ 30 сол пеш, 20 июни соли 1992 Анҷумани додрасҳои Тоҷикистонро таъсис дода, аввалин раиси он буд.
Абдураҳмонов дар давраи фаъолияти худ ҳамчунин як қатор иқдомҳои муҳимро амалӣ кардааст. Ӯ ҳамеша ба муҳимияти мустақилияти судӣ ва ҷудоии ҳокимиятҳо таъкид кардааст.
Солҳои ахир ба сифати роҳбари Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ фаъолият дорад.
Соли 1950 – Мавлуди Муқим Воҳид, нависандаи тоҷик.
Муқим Воҳид хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд буда, соли 1971 дар мактаби шаҳраки Табошар (ҳозира Истиқлол) ба фаъолияти корӣ пардохтааст.
Фаъолияти адабиаш аз соли 1972, бо оғози кор дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” шурӯъ шуда, ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод”, “Бо роҳи Ленинӣ”, “Маориф ва маданият” ва “Газетаи муаллимон” ба дасти чоп расидаанд.
Баъдан китобҳояш, “Оби зулол”, “Ашки ишқ”, “Дунёи бевафо” пайи ҳам нашр шуданд. Солҳо масъули филиали Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Хуҷанд буд.
Соли 1953 – Зодрӯзи Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Рафиқа Мӯсоева фаъолияташро ба ҳайси хизматчии давлатӣ соли 1981 оғоз намуда, дар вазифаи котиби Кумитаи марказии комсомоли ҶШС Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1986 се сол дар дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор карда, соли 1989 котиби якуми Кумитаи ноҳияи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интихоб шуд. Аз соли 1990 то соли 1995 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон дар даъвати 12 буд.
Соли 1992 раиси Кумитаи давлатии сохтмон, узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ягона зан дар ҳайати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ӯ ҳамзамон узви Комиссияи конститутсионӣ, узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати аввал ва дар иҷлосияи аввали он раиси Кумитаи давлатии сохтмони парлумони кишвар интихоб шуд.
Аз соли 2000 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва аз январи соли 2001 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. Як муддат директори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” буд.
Аз соли 2005 ба ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон” роҳбарӣ мекунад.
Соли 1961 – Зодрӯзи Қодири Қосим, раиси пешини ВМКБ ва собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар даъвати шашум.
Ӯ соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном-боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Русия»-и ноҳияи Ванҷ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2006 то соли 2013 раиси ВМКБ ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Як муддат ба ҳайси раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон кор кардааст.
Дар даъвати шашуми парлумон вакил интихоб шуд ва дар ҷаласаи якуми ин даъват муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 1973 – Зодрӯзи Назира Амирбекзода, муовини собиқи раиси ВМКБ ва ҳоло директори Маркази омӯзишии "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон"-и Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 9 апрел финиҳо ва дӯстдорони забони финӣ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Микаэл Агрикола ё Рӯзи забони финиро таҷлил мекунанд.
Агрикола бо он маъруф аст, ки забони хаттии финниро асос гузоштааст. Соли 1543 ӯ алифбои аввалини финниро бо номи ABC-kirja (китоби АБВ) ба табъ расонд. Аз ҳамон сол сар карда, ин солро соли пайдоиши хатти финӣ мешуморанд. Агрикола забони карелӣ ва лаҳҷаи сокинони вилояти Туркуи Финландияро асоси алифбо қарор дод.
9 апрел ҳамчунин Рӯзи ихтирои оксиди нитроген – формулаи кимиёвии N₂O мебошад. Ин газ ба сабаби таъсири масткунандааш “гази фараҳбахш” ном гирифтааст.
Дар ҳарорати муқаррарӣ он гази беранг ва ғайри сӯхташаванда буда, бӯю таъми ширин дорад. Ин газро аввалин бор соли 1772 Ҷозеф Пристли ҳосил кард ва онро “ҳавои нитрозии дефлогистикшуда” номид. Соли 1799 Ҳемфри Дэви онро таҳқиқ карда, таъсири беҳушкунандаи онро муайян намуд ва истифодабарии онро дар тиб пешбинӣ кард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 9 АПРЕЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, эҳтимоли раъду барқ бдар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 12+17º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, баъзан шиддат мегирад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад.. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад.


