БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Касри савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2024 зиёд шуд, зеро воридот ба андозаи 19,2% афзуда, содирот ба миқдори 20,5% коҳиш ёфт. Дар ин бора дар “Гузориши рушди Осиё”-и Бонки осиёии рушд (БОР) маълумот дода мешавад.

“Содирот аз 2,45 млрд доллар дар соли 2023 то ба 1,95 млрд доллар поин рафт, зеро шароити номусоиди обуҳаво ва нархҳои нисбатан баланд ба нуриҳои минералӣ ба коҳиши содироти сабзавот ба андозаи 51% ва пахта – 14,3% боис гардиданд”, – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Зикр мегардад, ки содироти фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, ки тайи солҳои ахир дар онҳо тилло афзалият дошт, бар асари коҳиши содироти тиллову сурма ва дигар фулузот ба андозаи 59,6% кам шуд. Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки фулузот “то ҳол 17,8% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил доданд”.

Тибқи арзёбии таҳлилгарони БОР, ба коҳиши содирот ҳамчунин болоравии боҷҳои воридотӣ дар Ӯзбекистон боис гардида, дар натиҷа содироти семент аз Тоҷикистон ба андозаи 30,4% коҳиш ёфт.

Ёдрас мекунем, ки тирамоҳи соли гузашта ҳукумати Ӯзбекистон меъёри боҷи воридотӣ барои семент аз Тоҷикистонро қариб 9 баробар (аз 35 доллар то 300 доллар барои 1 тонна) боло бурд, ки дар натиҷа интиқоли ин масолеҳи сохтмон аз ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя амалан қатъ шуд.

Бино ба маълумоти Агенти омори Тоҷикистон, дар соли 2024 воридоти молу маҳсулот ба кишвар (зиёда аз 7 млрд доллар) нисбат ба содирот аз ҷумҳурӣ (беш аз 1,9 млрд доллар) 3,6 баробар зиёд буд. Як сол қабл воридот нисбат ба содирот 2,5 баробар (воридот – 5,9 млрд доллар, содирот – беш аз 2,4 млрд доллар) бештар буд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки болоравии интиқоли маблағ ба кишвар касри бузурги савдои ҷумҳуриро пурра ҷуброн кард.  

Дар ҳамин ҳол, муаллифони гузориш интизорӣ доранд, ки интиқоли маблағ дар соли равон то 37% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) кам мешаванд.

Дар гузориши аввали моҳи марти Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират зикр шуда буд, ки дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик ба 45% нисбат ба ММД баробар аст. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ мебошад. Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 24% ва Ӯзбекистон – 14% нисбат ба ММД-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон аллакай 10 сол инҷониб аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон худдорӣ мекунанд. Солҳои гуногун сабаби ин ба гунаҳои мухталиф шарҳ дода мешуд. Ду соли ахир чунин шарҳ дода мешавад, ки пайгирии ҷараёни интиқоли пул дар ҷаҳони муосир қариб ғайриимкон шудааст, зеро дар ин кор одамон аз тарзҳои гуногуни интиқол истифода мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...