“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд

Asia-Plus

Зиёда аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб дар гузаргоҳи Жайсан/Сагарчин дар сарҳади Қазоқистон бо Русия банд мондаанд, зеро марзбонони Русия убури сарҳадро ба онҳо иҷоза намедиҳанд.

Қисмате аз Тоҷикистон бо автомашинаҳои шахсӣ сафар карда, қисмати дигар ба муддати чанд рӯзе аз Русия ба Қазоқистон омадаанд, то ки муҳлати будубоши қонунии худро дар Русия тамдид кунанд, лекин дар роҳи бозгашт марзбонони рус онҳоро нагузоштаанд, ки ба кишвар ворид шаванд. Дар ин бора “Настоящее время” хабар медиҳад.

Чанде аз тоҷикистониҳо ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз сарҳад видео фиристодаанд. Ба гуфтаи онҳо, назди гузаргоҳи сарҳадӣ ҳудуди 200 мошин ҷамъ шудаанд. Онҳо мегӯянд, марзбони Русия интихобан маҳз шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷоза надода, сабабашро ҳам шарҳ намедиҳанд.

Бархе бар ин назаранд, ки сабаби  ҳамаи ин вазъият беамалии сафорати Тоҷикистон дар Русия аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ба зангҳои рӯзноманигорон посух намедиҳанд.

“Баъзе бачаҳо аллакай як ҳафта боз инҷоянд. 200 мошин истодааст, намегузарад, – гуфтааст муаллифи яке аз наворҳо. – Бубинед, мо дар чӣ ҳолатем! Ӯзбекҳову қирғизҳо гузаштанд, чунки онҳо дар сафорат одами худро доранд. Мо ҳеҷ кас надорем!”.

Ба гуфтаи тоҷикистониёни бандмонда, чанде пеш як дипломат аз Қирғизистон ба гузаргоҳи сарҳадӣ омадааст. Ӯ изҳор доштааст, ки дар сарҳад гӯиё қочоқи нуриҳои минералӣ ошкор шуда, бо ҳамин сабаб Русия назоратро шадид кардааст.

Қобили зикр аст, ки назорат аз болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзҳои Русия ҳанӯз аз охири моҳи марти соли 2022 – пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” шадид шуд. Пас аз ин дар бисёре аз фурудгоҳҳои Русия шаҳрвандони Тоҷикистони ба ин кишвар воридшуда мавриди санҷиши шадид бо шиносоии маълумот дар телефонҳо қарор гирифтанд. Аксарият бидуни шарҳи сабаб ва манъи вуруд ба Русия ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...