Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Олег Власов, вакили дифои (адвокати) айбдоршаванда Далерҷон Мирзоев ба хабаргузории "РИА Новости" иттилоъ додааст, ки иҷрокунандагони амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав аз рӯи натиҷаҳои ташхис аз лиҳози равонӣ солим эътироф карда шудаанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, мутахассисон тасдиқ намудаанд, ки айбдоршавандагон ба дарки амалҳои худ ва назорати онҳо қодир буданд.

“Онҳо аз лиҳози равонӣ солим эътироф шуда, аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ вазъияташон хуб аст”, – илова намудааст Олег Власов.

Қаблан зикр гардида буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба "Крокус" гумонбар мешаванд, ба сифати ҳадафҳои эҳтимолӣ Майдони Сурх, каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва маркази савдои “Мега”-ро баррасӣ мекарданд. Вакили дифои Далерҷон Мирзоев гуфта буд, ки дар Новосибирск низ анҷоми амали террориристӣ дар нақша буд.

Ӯ зикр кардааст, ки зерҳимояаш, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ дар Новосибирск кор мекард, зери таъсири тундгароён афтода ва ба "Телеграм-гурӯҳ" ворид мешавад ва дар он ҷо "имом" ба ивази пули калон аз ӯ дархост мекунад, ки дар Маскав амали террористӣ содир кунанд. 

Гумонбарон се рӯз пеш аз ҳамла вохӯрда, вале нуқтаи ниҳоиро танҳо пеш аз амали терористӣ интихоб кардаанд. 

Моҳи феврали соли равон маълум шуд, ки тафтиши парванда дар бораи амали терористӣ ба анҷом расида, ҷонибҳо ба шиносоӣ бо мавод пардохтаанд.

Амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024 содир гардида, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...