Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт

Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми апрел бо мақсади “ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод” маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати кишвар баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матуботи президент.

Маҷлис таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардида, дар он Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазир, ки ҳамзамон раиси Комиссияи ҳукуматӣ оид ба баратарафкунии оқибатҳои заминларза дар ин минтақа аст, инчунин роҳбарони як қатор ниҳодҳо ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар мавриди хисороти заминҷунбӣ гузориш додаанд.

Онҳо дар гузориши худ гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.

Иттилоъ дода шудааст, ки “корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома дорад”.

Манбаъ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул “барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас” додааст.

Дастур дода шудааст, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.

 

Президент аз ҷумла, ба ширкати “Тоҷиксуғурта” ва ҳукуматҳои Рашту Тоҷикобод супориш додааст, ки ба ҳар як оилаи аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ пул диҳанд.

“Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маблағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расонидани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд”, – менависад хадамоти матбуотии прерзидент.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар ба ҳукуматҳои ин ду ноҳия дастур додааст, ки барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то 1-уми ноябр хонаҳои нав сохта ва ба истифода диҳанд.

Зикр шудааст, ки ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда барои сохтани манзил замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, “лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин” таҳия карда шавад.

Роҳбари давлат ҳамчунин, аз вазорату идораҳои дахлдор талаб кардааст, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.

Ӯ гуфтааст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.

Сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикӣ ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқуъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намояд.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар пайи ин офати табиӣ 3 мактаб ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд. Як кӯдаки сесола ҳам дар натиҷаи ин ҳодиса, зери девор монда ҷон бохтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...