Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд

Asia-Plus

Табибону омӯзгорон, рӯзноманигорону ронандаҳои трактор ва боз як қатор мутахассисони соҳибтаҷриба, ки барои дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия ба таври соддашуда имтиёз доштанд, аз рӯйхати номгӯи ин касбу ихтисосҳо хориҷ шуданд. Дар ин бора хабаргузории “Фергана” бо истинод ба фармони Вазорати меҳнат ва ҳифзии иҷтимоии Русия иттилоъ медиҳад.

Номгӯй дар ин рӯйхат аз 203 то 29 касбу ихтисос ихтисор шудааст.

Дар номгӯй муҳандисону челонгарони самтҳои гуногун, таҳлилгарони маълумоти бузургҳаҷм, барномасозон, мутахассисони васлу насби киштиҳои металлӣ, фишоровар дар прессҳои гидравликӣ, операторони пӯшишҳои рӯшноӣ ва муҳофизатӣ, кафшергар дар мошинҳои кафшерҳои пайваст, таъмиргари сохторҳои киштӣ, мутахассисони қубурҳои киштӣ, устои барқу насби киштӣ боқӣ мондаанд.

Дар шарҳи фармон зикр шудааст, ки рӯйхати нав бар асоси талаботи кадрӣ бо иштироки вазорату идораҳои марбута, ширкатҳои бузурги давлатӣ, инчунин Оҷонсии ташаббусҳои стратегӣ таҳия шудааст. Дар лоиҳаи фармон 31 касбу ихтисос зикр шуда буд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, барои истифода аз ҳуқуқи ба таври соддашуда дарёфтани иҷозаи зист (ВНЖ) дар соли 2025, ба мутахассисони хориҷии дорои касби мувофиқ лозим аст, ки ба як қатор талабот ҷавобгӯ бошанд. Аз ҷумла, доштани на камтар аз як сол собиқаи корӣ мувофиқи ихтисос то замони додани ариза ва риояи ҳамаи талаботи қонунгузории Русия.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 то 2023 шаҳрвандон хориҷии дорои касби серталаб дар бозори кори Русия ба дарёфти шаҳрвандӣ бо таври соддашуда ҳуқуқ доштанд. Тибқи маълумоти ВКД Русия, камтар аз 1%-и хориҷиён, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз ин ҳуқуқ истифода бурдаанд. Моҳи апрели соли 2023 ин меъёр дар якҷоягӣ бо фармони Вазорати меҳнат, ки номгӯи касбу ихтисосҳоро барои ҳуқуқи дарёфти шаҳрвандӣ ба тарзи соддашуда муайян мекард, бекор шуд.

Моҳи декабри соли 2024 ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо касбу ихтисоҳои серталаб ҷиҳати ба таври соддашуда гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) ҳуқуқ медод. Муайян кардани номгӯи чунин касбу ихтисосҳо ба дӯши Вазорати меҳнати Русия вогузор шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...