Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд

Asia-Plus

Имрӯз Илҳом Ҷамолиён – рӯзноманигори машҳур, олим ва яке аз поягузорони телевизиони вилояти Суғд, ба синни 65 қадам гузошт.

Илҳом Ҷамолиён аз рӯзноманигорони шинохтаву сарсупурдаи пешаи худ аст, ки дар рушди ин соҳа саҳми босазо гузоштааст. Нақши ӯ дар ташаккулу рушди журналистика дар вилояти Суғд, махсусан дар замоне, ки мушкилиҳои зиёд соҳаро фарогир буд, басо назаррас арзёбӣ мешавад. Ӯ дар душвортарин лаҳзаҳо, замоне ки кишвар гирифтори муноқишаҳои дохилӣ буд, барои зинда мондани рӯзноманигорӣ талош кард.

Баъдтар, дар вақте масъулиятҳои давлатиро ба зимма дошт, низ бо ҳамкасбони худ робитаи ҳирфаӣ дошт ва барои дастрасӣ ба иттилоъ заҳмат мекашид.

Ӯ аз камтарин рӯзноманигорони соҳибтаҷрибаи кишвар аст, ки ҳамқадами замон аст ва аз майлонҳои муосири рӯзноманигорӣ огоҳии хуб дорад. Ва ин таҷрибаи ғанӣ ва донишҳои муосири худро барои насли нави рӯзноманигорон таълим медиҳад. 

Масири ташаккули як рӯзноманигор

Илҳом Ҷамолиён 18-уми апрели соли 1960 дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) таваллуд шудааст. Солҳои 1967 – 1977 дар ду мактаби зодгоҳаш таҳсилоти ибтидоӣ гирифта, дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст.

Фаъолияти меҳнатии Илҳом Ҷамолиён ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ оғоз гардид. Аз моҳи январи соли 1982, ҳангоме ки ҳанӯз донишҷӯ буд, дар шӯъбаи навтаъсиси шабонаи Саррредаксияи "Ахбор"-и телевизиони Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор шурӯъ кард. Истеъдоди журналистии ӯ зуд ошкор гардид ва то моҳи апрели соли 1985 ба вазифаи муҳаррири ҳамин саррредаксия таъин гардид.

 

Дар олами расонаҳо

Моҳи апрели соли 1985 қобилияти касбии Илҳом Ҷамолиён боиси он гардид, ки ӯро ба вазифаи муовини сармуҳаррири Саррредаксияи мусиқии телевизиони Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон таъин намуданд. Аммо ин мансаб дер давом накард, зеро аз моҳи октябри ҳамон сол то октябри соли 1987 ӯ барои хидмати дарозмуддати хориҷӣ ба Афғонистон фиристода шуд, ки он ҷо дар ҳайати мушовирону тарҷумонони КМ ВЛКСМ ба ҳайси тарҷумон хидмат намуд.

 

Аз Афғонистон баргашта, Илҳом Ҷамолиён роҳи дигареро пеш гирифт – аз соли 1987 то соли 1989 ӯ дар кори комсомолӣ фаъолият намуд. Аввал ба ҳайси инструктор, баъдтар котиби дуюми кумитаи комсомолии ноҳияи Ғончӣ ва ниҳоят мудири шӯъбаи идеологии кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) таъин гардид.

Сарнавишт Илҳом Ҷамолиёнро боз ба соҳаи телевизион баргардонд, аммо ин дафъа дар сатҳи дигар. Дар баробари таъсис гардидани телевизиони вилояти Ленинобод, бо дарназардошти таҷрибаи кориаш дар соҳаи телевизион, ӯро сармуҳаррири телевизиони навтаъсиси вилоят таъин намуданд.

Ин таъйинот таърихӣ буд, зеро Илҳоми Ҷамолиён аввалин нафаре гардид, ки ба ин вазифа таъин шуд ва имрӯз исми ӯро дар қатори поягузорони телевизион дар вилояти Суғд ёдовар мешаванд. Аз соли 1993 то охири соли 1995 ӯ вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилоятро ба ӯҳда дошт.

 

Саҳм дар рушди матбуоти мустақил

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Илҳом Ҷамолиён ба рушди матбуоти мустақил саҳми бузург гузошт. Аз соли 1996 то соли 2007, аввал муддати 5 сол дар вазифаи директори барномаҳои ҶС "Ширкати телевизиону радиои МИР-IBL" фаъолият намуд. Сипас дар вазифаи директори ҶДММ Оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии "Варорӯд" кор кард. Ӯ яке аз муассисони оҷонсии иттилотӣ-таҳлилии мазкур, сайти интернетии ҳамноми он – www.varorud.org ва чанд нашрияҳои мустақил, аз қабили "Вароруд" ва "Ҳамсояҳо" мебошад.

Дар ин давра Илҳом Ҷамолиён на танҳо ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун муаллифи мақолаҳои таҳлилӣ низ фаъолият менамуд. Нигоштаҳои ӯ дар расонаҳои гуногун нашр мешуданд ва таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб мекарданд.

 

Фаъолият дар сохторҳои давлатӣ

Таҷрибаи ғании касбии Илҳом Ҷамолиён мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифт. Аз моҳи январи соли 2007 то апрели 2010 ӯ дар вазифаи роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят – котиби матбуотии раиси вилояти Суғд кор кард.

Сипас як муддат боз директори генералии ҶДММ ОИТ "Вароруд" буд ва минбаъд то апрели соли 2011 дар вазифаи директори "Кохи матбуот" ифои вазифа намуд ва дар ин вазифа то охири декабри соли 2012 кор кард.

Баъди ин Ҷамолиёнро аз нав ба вазифаи котиби матбуотии раиси вилояти Суғд таъин намуданд. Дар ин давра ӯ робитаи байни ҳукумати вилоят ва ҷомеаро устувор сохта, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатиро таъмин менамуд.

 

Фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ

Дар баробари фаъолияти пурсамари журналистӣ ва роҳбарӣ, Илҳом Ҷамолиён аз соли 2014 инҷониб дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ва кафедраи иттилоот ва технологияҳои иртибототии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба донишҷӯён илми журналистикаро меомӯзонад. Дар ин давра ӯ таҷрибаи гаронбаҳои худро ба насли наврас интиқол дода, дар тарбияи кадрҳои касбии соҳаи журналистика саҳми арзанда мегузорад.

Дар тӯли фаъолияти илмӣ ва эҷодиаш Илҳом Ҷамолиён муаллифи бештар аз 100 очерк, мақолаҳои таҳлилӣ ва илмию оммавӣ гардидааст. Ҳамчунин ӯ китобҳои "Худомӯзи саводи расонаӣ", "Хиради рақамӣ" ва "Вожаномаи саводи расонаӣ"-ро таълиф намудааст, ки барои донишҷӯёни факултаҳои журналистика ва мутахассисони соҳа аҳамияти калон доранд.

 

Саҳм дар рушди саводи расонаӣ

Аз соли 2018 инҷониб Илҳом Ҷамолиён дар самти рушди саводи расонаӣ дар байни аҳолӣ фаъолияти фаъол мебарад. Дарки аҳамияти саводи расонаӣ дар замони муосир ӯро водор сохт, ки захираи электронии омӯзишии mediasavod.tj-ро оид ба саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ таъсис диҳад. Ин сомона яке аз аввалин манбаъҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ ба забони тоҷикӣ дар соҳаи саводи расонаӣ гардид.

Тавассути ин лоиҳа Илҳом Ҷамолиён ба ҷомеаи Тоҷикистон ёрӣ мерасонад, ки иттилоотро дуруст қабул ва таҳлил намоянд, хабарҳои дурӯғ ва иттилооти бардурӯғро аз ахбори воқеӣ фарқ кунанд ва дар фазои иттилоотии имрӯза худро эмин нигоҳ доранд. Хусусан дар замони пандемияи COVID-19 ва баъди он, вақте ки паҳншавии иттилооти бардурӯғ авҷ гирифт, ин лоиҳа барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо кард.

Дар айёми ҷашни 65-солагиаш, метавон гуфт, ки Илҳом Ҷамолиён на танҳо шоҳиди таърихи матбуот ва телевизиони тоҷик, балки аз бунёдгузорон ва пешбарони он аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...