Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?

Date:

Чандест, ки сокинони пойтахт шикоят доранд, ки бо вуҷуди бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, то ҳол чароғҳои кӯчаҳои пойтахт фурӯзон нашудааст. Онҳо мегӯянд, маҷбуранд дар торикӣ бо истифода аз чароғи телефонҳо рафтуомад кунанд.

Дар робита ба ин "Азия-Плюс" аз муассисаи "Равшании Душанбешаҳр", ки масъули бо равшанӣ таъмин кардани кӯчаҳои пойтахт аст, пурсид, ки ин маҳдуият кай бартараф мешаванд. 

Аз ин муассиса гуфтанд, ки то ҳол қарор дар бораи бардоштани маҳдудият барои рӯшноии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт а= шащрдорь қабул нашудааст.

"Барқарор кардани рӯшноӣ аз мо вобаста нест, бояд иҷозатномаи шаҳрдориро дошта бошем. Ба наздикӣ шаҳрдорӣ қарорро дар бораи ин масъала қабул кунад ва рӯшноии кӯчаҳо дар тамоми манотиқи шаҳри Душанбе барқарор мегардад", – шарҳ доданд аз ин нищод.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки қарори шаҳрдорӣ дар мавриди фурӯзон кардани чароғҳо дар кӯчаҳои пойтахт кай қабул мешавад.

Манбаъ гуфт, ки чароғҳои кӯчаҳои марказии пойтахт ба мисли хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ аз 15-уми апрел пурра фурӯзон шудаанд.

Мушкили қатъи барқ ва ҷорӣ кардани маҳудият дар интиқоли он дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳар сол, дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор маҳдудияти интиқоли барқ ё "лимит" ҷорӣ мегардад, ки одатан то нимаи моҳи апрел давом мекунад. 

Маҳдудият дар таъмини нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли гузашта расман аз 22-юми сентябр оғоз шуд ва то 11-уми апрели имсол давом кард. Дар пайи ин, дар Душанбе низ чароғҳои кӯчаҳои Душанбе хомӯш карда шуданд.

Сабаби маҳдудияти барқ дар кӯчаву хиёбонҳо пойтахт сарфаи барқ гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...