Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?

Чандест, ки сокинони пойтахт шикоят доранд, ки бо вуҷуди бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, то ҳол чароғҳои кӯчаҳои пойтахт фурӯзон нашудааст. Онҳо мегӯянд, маҷбуранд дар торикӣ бо истифода аз чароғи телефонҳо рафтуомад кунанд. Дар робита ба ин "Азия-Плюс" аз муассисаи "Равшании Душанбешаҳр", ки масъули бо равшанӣ таъмин кардани кӯчаҳои пойтахт аст, пурсид, ки ин […]

Asia-Plus

Чандест, ки сокинони пойтахт шикоят доранд, ки бо вуҷуди бекор кардани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ, то ҳол чароғҳои кӯчаҳои пойтахт фурӯзон нашудааст. Онҳо мегӯянд, маҷбуранд дар торикӣ бо истифода аз чароғи телефонҳо рафтуомад кунанд.

Дар робита ба ин "Азия-Плюс" аз муассисаи "Равшании Душанбешаҳр", ки масъули бо равшанӣ таъмин кардани кӯчаҳои пойтахт аст, пурсид, ки ин маҳдуият кай бартараф мешаванд. 

Аз ин муассиса гуфтанд, ки то ҳол қарор дар бораи бардоштани маҳдудият барои рӯшноии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт а= шащрдорь қабул нашудааст.

"Барқарор кардани рӯшноӣ аз мо вобаста нест, бояд иҷозатномаи шаҳрдориро дошта бошем. Ба наздикӣ шаҳрдорӣ қарорро дар бораи ин масъала қабул кунад ва рӯшноии кӯчаҳо дар тамоми манотиқи шаҳри Душанбе барқарор мегардад", – шарҳ доданд аз ин нищод.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки қарори шаҳрдорӣ дар мавриди фурӯзон кардани чароғҳо дар кӯчаҳои пойтахт кай қабул мешавад.

Манбаъ гуфт, ки чароғҳои кӯчаҳои марказии пойтахт ба мисли хиёбони Рудакӣ, кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ аз 15-уми апрел пурра фурӯзон шудаанд.

Мушкили қатъи барқ ва ҷорӣ кардани маҳудият дар интиқоли он дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳар сол, дар фасли тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор маҳдудияти интиқоли барқ ё "лимит" ҷорӣ мегардад, ки одатан то нимаи моҳи апрел давом мекунад. 

Маҳдудият дар таъмини нерӯи барқ дар Тоҷикистон соли гузашта расман аз 22-юми сентябр оғоз шуд ва то 11-уми апрели имсол давом кард. Дар пайи ин, дар Душанбе низ чароғҳои кӯчаҳои Душанбе хомӯш карда шуданд.

Сабаби маҳдудияти барқ дар кӯчаву хиёбонҳо пойтахт сарфаи барқ гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.