Аз шарҳи бо ресмон бастани кӯдаку дуздии пули барқ то интиқоли мактаббачаҳо дар ҳолати мастӣ. Ахбори ҷиноии чанд рӯзи охир

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар чанд рӯзи гузашта аз боздошти се корманди шабакаҳои барқ бо гумони “азонихудкунӣ”-и маблағ, ду ҷавон барои дуздии пули “терминал” ва ронандае, ки хонандагонро зери таъсири маводи мухаддир ба мактаб мебурд, хабар доданд. Пулис ҳамчунин, навори бастани кӯдакон бо ресмон аз сӯи волидайн, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд дар пай дошт, шарҳ доданд.

 

Шарҳи мақомот дар бораи бастани кӯдак бо ресмон дар хона

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар шарҳи бастани кӯдакон аз сӯи волидайнаш навишт, ки онҳо ноболиғонро дар манзили истиқоматиашон бе назорат  гузошта, дар тарбияи наврасон бемасъулиятӣ нишон додаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳолатро санҷида, “бо назардошти ҳолати воқеии вазъи зиндагонии номбурдагон” нисбати падару модару кӯдак корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида чораҳои дахлдори қонунӣ андешидаанд.

Пулиси Душанбе дар бораи шароит ва вазъи зиндагии ин хонавода иттилоъ надодааст.

Назари худи волидайн нисбати ин қазия маълум нест.  

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, ду кӯдаки хурдсол дар хона беназорат монда, якеашон дар гаҳвора ва дигаре бо ресмон баста шудааст.

Дар ин навор нафаре, ки худро ҳамшираи тиббии маҳалла муаррифӣ кардааст, мегӯяд, волидайни ин ду ноболиғ онҳоро баста ба кор мераванд ва онҳо дар идораи нигоҳдории роҳ (ДЭУ) кор мекунанд.

 

Боздошти як ҷавон бо гумони интиқоли мактабачагон дар ҳолати мастӣ

Дирӯз, 20-уми апрел пулиси пойтахт ҳамчунин, аз боздошти як сокинони 36-солаи  шаҳр хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, зери таъсири маводи мухаддир кӯдаконро ба мактаб мебурд.

Раёсати корҳои дохила аз ин мард Далер Гулов ном бурда, гуфтааст, ки “номбурда мунтазам ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи “Метамфетамин” ба истилоҳ “кристалл” машғул шуда, бо идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷони худ ва дигаронро зери хатар гузоштааст”.

Нисбати ронанда маводҳои зарурӣ ҷамъоварӣ шуда, тафтишот идома дорад.

Назари худи ронанда нисбати ин қазия маълум нест.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод дар соли 2024-ум дар кишвар 110 кило маводи психотропӣ мусодира кардаанд, ки 59 кило аз соли 2023-юм бештар будааст. Ҳамзамон 17,87 ҳазор ҳабҳои маводи мухаддири синтетикӣ мусодира карданд, ки ин 13,67 ҳазор бештар нисбат ба соли 2023-юм мебошад.

 

Боздошти се кормандаи шабакаҳои барқ бо гумони азхудкунии маблағи барқ

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии кишвар (ВКД) аз боздошт ва боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи се корманди шабакаҳои барқи ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод.

Ин ниҳод гуфтааст, корманди боздоштшудаи шабакаҳои барқи Ҷалолиддини Балхӣ сокини 46-солаи ноҳияи Кӯшониён буда, “давоми солҳои 2024 ва 2025-ум 58 ҳазору 750 сомонӣ маблағи барқро аз аҳолӣ ҷамъоварӣ карда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониашро ба суратҳисоби ташкилоти барқ гузаронида, боқимондаро азхуд ва ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст”.

Ду корманди дигари шабакаҳои барқи Абдураҳмони Ҷомӣ, яке роҳбари тиҷоратӣ ва дигарӣ нозир буда, дар солҳои 2024-2025 “аз 68 нафар муштарӣ 70 ҳазору 661 сомонӣ барои истифодаи қувваи барқ ҷамъоварӣ карда, танҳо 38 ҳазору 366 сомониро ба суратҳисоби шабакаҳои тақсимоти барқ гузаронида, боқимондаро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд”.

ВКД гуфтааст, алайҳи гумонбаршавандаҳо барои азонихудкунӣ ё моддаи 245 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.  Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 6 соли зиндон ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Назари се нафар боздоштшуда нисбати ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.

 

Боздошти ду ҷавон дар Хатлон барои дуздии ғайриоддӣ

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 20-уми апрел Раёсати ВКД дар Хатлон аз боздошти ду нафар хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, “бо роҳу усулҳои нави ҷиноӣ” ба дуздӣ даст задаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, онҳо “пулҳо 100 сомонаи бо “скотч” печонидашударо ба терминалҳо ворид карда, баъди гузаштани маблағ ба суратҳисоб пулҳои бо скотч басташударо ба қафо кашида мегирифтаанд”.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаҳо “ба ин васила, тариқи электронӣ аз маҳзани терминалҳо дар умум 21 ҳазору 474 сомониро тасарруф кардаву аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Пулиси Хатлон аз дастгиршудаҳо Тошпулотов Сафаралӣ ва Куганов Алимурод ном бурда, гуфтааст, ки Тошпулотов “пеш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардидааст”.

Мақомот гуфтаанд, ки алайҳи онҳо барои дуздӣ ё бо моддаи 244 қисми 2 парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 5 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшудаҳо ё наздикони онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...