Чаро дар Тоҷикистон нархи помидор аз гармхонаҳо боло рафт?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тайи ҳафтаи охир дар Тоҷикистон болоравии босруъати нархи помидор аз гармхонаҳо ба мушоҳида мерасад. Дар бозорҳои яклухтфурӯшӣ нархи 1 килограмми ин сабзавот ба ҳисоби миёна 4 сомонӣ – аз 16 то 20 сомонӣ боло рафт. Дар супермаркет ва нуқтаҳои фурӯши маҳаллаҳои аҳолинишин нархи ин гуна помидор то ба 30 сомонӣ расид!

Ин гуна босуръат болоравии нархро метавон бо якчанд омил шарҳ дод.

Аввалан, камшавии исетҳсоли помидор дар гармхонаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол 360 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, дар ҳоле, ки соли гузашта ҳосил зиёда аз 600 тоннаро ташкил дода буд.

Сониян, воридоти он кам шуд – 1,1 ҳазор тонна ба қайд гирифта шудааст. Соли 2024 – 6,5 ҳазор тонна ворид шуда буд.

Пухат расидани помидор дар мавсими нав баъди як моҳ дар назар буда, коршиносон бар ин назаранд, ки поинравии нархи он дар ин муддат ба гумон аст.

Тағйирёбии нархи помидор дар Душанбе

Нархи помидор дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе вобаста ба мавсим тағйир меёфтанд. Моҳи январи соли 2023 нархи он аз 16.50 сомонӣ оғоз гардида, моҳи декабр то 18.75 сомонӣ расид.

Дар соли 2024 вазъият тағйир ёфта, моҳи апрели нархи он 21.20 сомониро ташкил дод.

Айни замон дар соли 2025 нархи 1 килограмми он ба 20,20 сомонӣ баробар аст.

Воридоти помидор бозори Тоҷикистонро тағйир медиҳад

Воридоти помидор ба Тоҷикистон тайи се соли ахир ба таври назаррас зиёд шуд. Соли 2023 ҳаҷми воридои он 1,6 ҳазор тонна ба маблағи 1 млн 871 ҳазору 918 долларро ташкил дода, соли 2024 ин нишондиҳанда то 6,5 ҳазор тонна ба маблағи 4 млн 151 ҳазору 778 доллар расид.

Дар семоҳаи аввали соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 851 ҳазору 818 доллар 6,5 ҳазор тонна помидор ворид карда шуд.

Майдони кишт кам шуд

То 4 апрели соли 2025 дар Тоҷикистон дар майдони 430 гектар помидор парвариш карда мешавад. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли гузашта масоҳати ин майдон ба зиёда аз 3 ҳазор гектар баробар буд.

Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 997 гармхона бо масоҳати 174 гектар бунёд карда шудааст, ки дар 63,1 гектараш помидор парвариш карда мешавад.

Пешгӯии нархҳо: ақидаи коршинос

Агроном Бахтиёр Ҳасанов бар ин назар аст, ки  нархи помидор аз гармхонаҳо як моҳи дигар дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

“Бар асари коҳиши истеҳсол ва воридоти маҳдуд дар бозор камбуд ба вуҷуд меояд. Помидори мавсими нав аз заминҳо баъди як моҳ ба фурӯш бароварда шуда, ба гумони ғолиб, то ин давра болоравии минбаъдаи нарх ба назар хоҳад расид. Нархи 1 килограмми он дар ҳудуди 15-20 сомонӣ боқӣ мемонад”, – зикр кард ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...