Поёни оташбаси 30-соата. Русия ва Украина якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд

Asia-Plus,бо истифода аз маводҳои ББС-и форсӣ

Бо поёни оташбаси муваққатӣ, ба муносибати иди Пасха дар ҷанги Русия дар Украина, тарафҳои даргир якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд. Рӯзи шанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия оташбаси 30-соатаеро эълон кард, ки Украина низ онро пазируфт. Ин оташбаси муваққат соати 00:00 (ба вақти Маскав) шаби якшанбе ба душанбе ба поён расид.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дирӯз, 20-уми апрел гуфт, ки дар давоми оташбас, дар маҷмӯъ, 1882 мавриди гулӯлборон аз ҷониби Русия вуҷуд дошт, ки 812 мавриди он бо аслиҳаҳои сангин буд.

Ба гуфтаи ӯ шадидтарин гулӯлаборон ва ҳамлаҳо дар шарқи Украина дар наздикии шаҳри муҳосирашудаи Покровск, аз марказҳои логистикии калидӣ дар минтақаи Донетск будааст.

Дар ҳамин ҳол, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ҳам Украинаро ба истифодаи мушакҳои амрикоии "Ҳимарс" дар ҷараёни оташбас муттаҳам кардааст.

Хабаргузории "РИА Новости" аз риояи оташбас аз сӯи Русия хабар дода, навиштааст, ки дар ҷараёни он аз сӯи артиши Украина 4900 нақзи оташбас сабт шудааст.

Зимнан, Владимир Зеленский қатъи 30 рӯзи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии дарозмуддат ба зерсохторҳои ғайринизомиро пешниҳод карда, гуфтааст, ки Русия бо рад кардани ин пешниҳод мехоҳад ҷангро тӯлонӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС-и Русия, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, чанд соат пеш аз поёни оташбас, гуфт, ки Путин фармони тамдидионро надодааст.

Артиши Украина чанд соат пас аз поёни оташбаси 30-соата, аз ҳамлаҳои пайдарпайи Русия ба якчанд минтақаҳои Украина хабар дод.

Нерӯи ҳавоии Украина барои минтақаҳои Киев ва ҳамчунин Херсон, Днепропетровск, Черкаси, Миколаев ва Запоризжия ҳушдори ҳамла додааст.

Артиши Русия дар бораи ин ҳамлаҳо изҳори назар накардааст.

Мақомотҳои маҳаллӣ дар соатҳои аввали рӯзи душанбе аз сокинони чанд шаҳри Украина, аз ҷумла Киев, пойтахти ин кишвар хостанд, ки ба далели ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин фавран ба паноҳгоҳҳои атроф раванд.

Нерӯи ҳавоии Украина ҳамчунин аз «хатарҳои мушакӣ» дар минтақаҳои марказӣ хабар дод ва гуфтааст, ки нерӯи ҳавоии Русия дар «шарқ ва шимоли шарқ»-и ин кишвар фаъол аст.

Русия 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаи тамомайёр ба Украинаро оғоз кард ки садҳо ҳазор нафар – асосан сарбозон – аз ҳарду тараф аз соли 2022 ба ин тараф кушта ва маҷрӯҳ шудаанд.

Моҳи гузашта, Маскав дар ҷавоб ба оташбаси комил ва бидуни шарте, ки аз ҷониби ИМА ва Украина тавофуқ шуда буд, шартҳои худро пешниҳод кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, ки дар талош барои ба поён расонидани ин ҷанг аст, рӯзи якшанбе гуфт, ки "Русия ва Украина дар ин ҳафта ба созиш мерасанд". 

Ӯ мушаххасан нагуфт, ки дар бораи чӣ гуна “созишнома” ҳарф мезанад ва ҷузъиёти дигарро ироа накардааст. Пештар Амрико гуфта буд, ки агар нишонаҳои рӯшани ҳосил шудани созишро дар чанд рӯзи охир набинад, миёнаравӣ барои расидан ба созиши сулҳ миёни Русия ва Украинаро қатъ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...