Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футзалбозоне, ки минбаъд аз иштирок дар ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон даст мекашанд, аз ширкат дар мусобиқоти расмии дохили кишвар маҳрум хоҳанд шуд. Чунин қарор дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Душанбе қабул шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон дар ҷаласа изҳор дошт, ки феълан ҳайати даста дар марҳилаи навсозӣ қарор дорад. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба яккачини кишвар як қатор бозигарони нав ҷалб карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки бозигарон аз иштирок дар дастаи миллии кишвар даст мекашанд, зеро барои ин ба онҳо пул намедиҳанд. "Азия-Плюс" аз коршиноси пешрафтаи соҳаи футзали Тоҷикистон Нодир Дусматов дархост намуд, ки дар ин масъала изҳори назар кунад.

“Қарор дар бораи аз мусобиқаҳои расмии дохилӣ маҳрум кардани бозигароне, ки аз иштирок дар дастаи миллӣ саркашӣ мекунанд, як қадами муҳим дар самти тақвияти интизом ва боло бурдани масъулиятнокии варзишгарон аст. Тими миллӣ рамзи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ аст. Саркашӣ аз ҳимояи рамзи миллӣ бидуни сабабҳои асоснок на танҳо обрӯи даста, балки шарафи тамоми футзали Тоҷикистонро ба хатар мегузорад”, — мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон бояд дар назар гирифт, ки сабабҳои воқеии саркашии бозигарон аксар вақт садо намедиҳанд.

“Бозигарон бисёр вақт барои оқибатҳои ногувор ба рушди минбаъдаи касб, аз ошкоро гуфтани мушкилоте, ки ба қабули қарор аз ҷониби онҳо асос мешавад, метарсанд. Ин сабабҳо на ҳамеша бо пул рабт дошта, аксаран ба мушкилоти тадорукотӣ, шароити нокофӣ барои тамрину омодагӣ, муҳити дохили даста ё омилҳои дигари ҷиддии шахсӣ марбутанд.

Аз ин рӯ, адолат ва самаранокии ин қарор танҳо дар ҳолати суҳбатҳои мустақим ва инфиродӣ бо ҳар як бозигар метавонад таъмин карда шавад, то ки нуқтаи назари ӯ шунида шавад”, — зикр мекунад Дусматов.

Номбурда гуфт, танҳо ба маълумоте, ки аз шахсоне бетарафу бегона ва манбаъҳои носанҷида гирифта шудааст, такя кардан лозим нест.

“Танҳо гуфтугӯи мустақим бо худи варзишгарон имкон медиҳад, ки мушкилоти воқеӣ ошкор ва бартараф шуда, шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад, то ки ҳар як бозигар бо ифтихор барои кишвараш ҳунарнамоӣ кунад. Ба сурати умум, ташаббуси Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳамчун ҷузъи кори доимӣ баҳри баланд бардоштани обрӯву нуфузи тими миллӣ боиси дастгирист, вале барои расидан ба натиҷаҳои воқеӣ, донистани назари худи бозигарон ва қабули қарор бар асоси суҳбати ошкоро ва эҳтироми тарафайн хеле муҳим аст”, – илоа намуд коршинос.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...