Нархи сабикаҳои тилло дар Тоҷикистон тайи 4 моҳ ҳудуди 25% боло рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар пасманзари тайи се соли ахир болоравии назарраси нархҳои ҷаҳонӣ ба ин фулузот (металл), дар зарфи 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна ба андозаи 23,7% гарон шуданд.

Бино ба маълумоти БМТ, арзиши сабикаи 5-грамма аз оғози сол ба маблағи 1060 сомонӣ (аз 4778 то 5838 сомонӣ), ки 22,2%-ро ташкил медиҳад ва 100-грамма – ба маблағи 23 030 сомонӣ (аз 91 232 то 114 271 сомонӣ) ё худ 25,2% боло рафтанд.

Ҳамчунин сабикаҳои тиллои вазнашон 10, 20 ва 50 грамм низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Чӣ қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс.

Ёдрас мекунем, ки сабикаҳои тиллои БМТ пас аз гароншавии рекордӣ (ба андозаи 43%) дар соли пандемияи 2020, дар ду соли минбаъда каме арзон шуданд (ба андозаи 4,1% дар соли 2021 ва 9% – дар соли 2022).

Аммо аз соли 2023 инҷониб нархи онҳо бо суръати нисбатан баланд (21,5% дар соли 2023 ва 25,8% – дар соли 2024) боло меравад.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард.

Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.

Мутахассисони Бонки миллӣ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи секрата (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.

Ҳамчунин хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тило, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои содиротӣ ба назар гирифта мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз фулузоте истифода мешавад, ки дар ҷумҳурӣ истихроҷ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, нархҳои ҷаҳонӣ ба тилло аз оғози сол ба андозаи 23,2% – аз 2659 то ба 3276 доллар барои 1 унсияи секарата боло рафтанд.

Коршиносони Reuters омилҳои инро ба ноустувори вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон нисбат медиҳанд: ҷангҳои тиҷоратӣ, таҳримҳо ва номмуайянӣ дар иқтисод ба афзоиши талабот ба тилло ҳамчунин дороии бехатар мусоидат намуданд.

Ҳамчунин амали бонкҳои марказӣ, ки хариди тиллоро зиёд карданд, бахусус дар шароити заифшавии эътимод ба доллари ИМА, низ зикр мешавад.

 Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...