Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 1110 шаҳрванди Ӯзбекистонро низ нашр кард, ки “дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд”

Asia-Plus

Тарҳи давлатии Украина – “Зистан мехоҳам” (Хочу жить) номи 1110 шаҳрванди Ӯзбекистонро нашр карда, гуфтааст, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, аз ҷониби русҳо зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 109 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Ин манбаъ навиштааст, ки бо шумули ӯзбекистониҳое, ки шиносномаи русӣ доранд, теъдоди воқеии зодагони Ӯзбекистон дар ҷанг метавонад бештар аз омори зикршуда бошад.

Зикр мегардад, ки ин теъдод шаҳрвандони Ӯзбекистон аз соли 2022 то январи соли 2025 аз тарафи Русия дар Украина ҷангидаанд. Ин болотарин нишондиҳанда миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст.

“Ҷавонтарин зархариди ӯзбекистонӣ дар артиши Русия 21-сола ва калонсолтарини онҳо 62-сола аст. Яке аз зархаридон пас аз ҳашт рӯзи бастани қарордод кушта шуд”, – навиштаанд муаллифони ин тарҳ.

Таъкид мегардад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам мисли зодагони Тоҷикистон. Теъдоде агар бо хоҳиши худ бо артиши Русия шартнома баста бошад, теъдоди назаррасро дар ҷараёни амалиёт боздошт карда, бо таҳдиди рондан аз Русия ба бастани қарордод маҷбур мекунанд.

Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол ба нашри ин рӯйхат расман вокуниш накардаанд.

Ҳафтаи қабл ин тарҳ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр карда, навишт, ки “онҳо бо артиши Русия шартнома баста, зидди Украина меҷанганд ва то имрӯз 196 нафари онҳо кушта шудаанд”.

Пештар аз ин, номи 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистонро ҳам нашр карда буд.

Ҳеҷ як мақомоти ин кишварҳо то ҳол ба нашрри рӯйхати тарҳи “Зистан мехоҳам” вокуниши расмӣ накардаанд.

Коршиносон мегӯянд, Русия дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.

Русия ҳеҷ гоҳ пинҳон накардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро барои имзои шартнома бо артишаш ва минбаъд ҷанг дар Украина ҷалб мекунад.

Мувофиқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Аз ҷумла, аз зиндониён, ки зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва ба ҷанги Украина иҷборӣ ҷалб мешаванд, мақомоти Русия ҳарфе намезанад, ҳарчанд расонаҳо борҳо шикояти зиндониёнро нашр карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...