Ба Тоҷикистон боз тӯфони чангу ғубор меояд. Худро эҳтиёт кунед!

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз фазои ҷумҳуриро фаро гирифтани тӯфони гарду ғубор ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо огоҳ мекунад.

Ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, рӯзҳои 6-7 майи соли ҷорӣ бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз 8 то 10 майи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои ҷануб ва шимоли ҷумҳурӣ шиддатнокии вазиши шамол 15-20м/с пурзӯр мешавад.

“Шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад, – омадааст дар хабар. – Дар аксари минтақаҳои кишвар консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад, аз ҷумла, бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо метавонанд шиддат гиранд”.

Кумита дар ин рӯзҳо ба аҳолӣ (кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ (астма, бронхит, бемориҳои музмини шуш), одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, шахсони масуният (иммунитет)-и сустдошта чунин тавсияҳо додааст.

– Агар имконият бошад, бе зарурат аз хона набароед;

– Ниқобҳои муҳофизатиро истифода кунед;

– Фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд кунед;

– Пӯшидани дару тирезаҳо ва агар мавҷуд бошад, таҷҳизоти тозакунандаи ҳаворо истифода намоед;

– Ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ фавран ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” таҳти унвони “Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?” метавонед бештар муфассал дар бораи тӯфони гарду ғубор ва таъсири он ба муҳиту солимии инсон маълумот дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...