Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг

Asia-Plus

Русия ба Украина пешниҳод кард, ки дар Истанбули Туркия музокироти мустақим доир намоянд. Украина пофишорӣ дорад, ки аввал бояд барои 30 рӯз оташбас эълон шавад. Роҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз мавқеи Украина ҳимоят ва ба эълони оташбас таъкид мекунанд. Раиси ҷумҳури Амрико бошад, аз ҳамтои украинии худ хост, ба пешниҳоди ҳамтои русаш “фавран розӣ шавад”.

Пешниҳоди музокирот миёни Русияву Украина аз сӯйи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ироа гардид. Ӯ пас аз эълони оташбаси серӯза ва баргузории гузашти низомӣ дар Маскав, шаби 10 ба 11-уми май, бо хабарнигорон мулоқот кард ва гуфт, “Русия омодааст 15-уми май бидуни шарти пешакӣ бо Украина дар шаҳри Истанбули Туркия музокирот доир кунад”. Маконе, ки соли 2022, пас аз чанд ҳафтаи оғози ҷанг, намояндагони Русия ва Украина чанд мулоқот баргузор карда, аммо дар ниҳоят ба натиҷае нарасида буданд.

Дар ин нишаст Путин пешниҳоди оташбаси 30-рӯзаро, ки нимаи аввали ҳамон рӯз, баъди сафари Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Кир Стармер, нахуствазири Британияи Кабир, Доналд Туск, сарвазири Лаҳистон ва Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон ба Киев ва мулоқоти онҳо бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украинаву тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ироа гардида, оғози он 12-уми май муайян шуда буд, рад кард.

“Баррасии масъалаи оташбас дар Истанбул мантиқӣ аст”, – зикр кард Путин.

 

Зеленский ба пешниҳоди Путин барои оғози музокироти мустақим вокуниш кард ва гуфт, “баъди эълони оташбас 15-уми май Путинро дар Истанбул шахсан интизор хоҳад буд”. Аммо шарти раисҷумҳури Украина эълони оташбас аст.

Аз ин мавқеи раисҷумҳури Украина сарони кишварҳои аврупоӣ низ пуштибонӣ карданд ва зикр намуданд, ки аввал бояд оташбас эълон ва баъд музокирот баргузор гардад.

Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Украина ва Русия Кит Келлог ҳам “ба аввал оташбас, баъд музокирот” таъкид намуд.

 

Аммо Доналд Трамп 11-уми май дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, ки мақомоти Украина бояд ба музокираи пешниҳодкардаи Русия “фавран розӣ шаванд”. Ӯ аз пешниҳоди оташбаси 30-рӯза чизе нагуфт.

“Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия хоҳони оташбас бо Украина нест, ҷойи ин Путин пешниҳод кардааст, ки рӯзи панҷшанбе дар Туркия барои музокирот дар бораи поёни эҳтимолии хунрезӣ мулоқот кунанд. Украина бояд фавран ба ин вохӯрӣ розӣ шавад. Дар ин музокирот ҳадди ақал фаҳмидан мумкин аст, ки оё созиш имконпазир аст ё не. Дар акси ҳол, раҳбарони Аврупо ва ИМА вазъиятро дақиқ хоҳан донист ва мувофиқи он амал мекунанд”, навишт Трамп.

 

Баъди ин навиштаи Трамп, раисҷумҳури Украина дар Телеграм навишт, ки “аз 12-уми май интизори оташбаси комил ва пойдор аст, то шароити шароити зарурӣ барои гуфтугӯҳои дипломатӣ фароҳам шавад”.

“Рӯзи панҷшанбе Путинро шахсан дар Туркия интизорам. Умедворам, ки ин бор русҳо ягон баҳона пеш намеоранд, барои онки наметавонанд”, – навишт Зеленский.

Аммо маълум нест, ки ин навиштаи Зеленский ба маънои пазируфтани пешниҳоди Путин барои музокирот, бидуни эълони оташбас барои 30 рӯз аст ва ё ӯ ҳоло ҳам ба шарти “аввал оташбас, баъд музокирот” пофишорӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар суҳбат бо Путин аз омодагии кишвараш барои мизбонии музокироти Русия ва Украина хабар додааст. Раисҷумҳури Русия қаблан гуфта буд, ки ба ҳамтои туркаш занг мезанад ва оид ба имкони баргузории музокирот дар Истанбул сӯҳбат мекунад.

Эрдуғон ҳамчунин бо Макрон ҳам гуфтугӯи телефонӣ доштааст ва зикр кардааст, ки кишвараш омодааст мизбони музокирот бошад.

Чанде пеш Трамп ҳам хабар дода буд, ки бо Эрдуғон сӯҳбат кардааст ва хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷанг дар Украина 22-юми феврали соли 2022 бо ҳуҷуми Русия оғоз шуд ва инак беш аз  се сол аст, ки давом дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...