Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд Аз 16 май зиёда аз 5,5 ҳазор тонна ин навъи сабзавот ҷамъоварӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, воридоти картошка ба ҷумҳурӣ фаъолона идома дорад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, корҳои ҷамъоварӣ дар 356 гектар заминҳои кишт оғоз гардида, аллакай зиёда аз 5,5 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 160,5 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, картошка имсол дар майдони 31 ҳазору 463 гектар кишт шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта (39 ҳазору 670 гектар) хеле камтар аст.

Тибқи пешгӯйии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2025 дар Тоҷикистон парваришу истеҳсоли 1 млн 177 ҳазор тонна картошка ба нақша гирифта шудааст, аммо суръати иҷрои нақша дар сатҳи раҳбарияти кишвар нигаронӣ ба бор овардааст. Аз ҷумла президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара рӯзи 17 май изҳор дошта буд, ки “иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 73%-ро ташкил медиҳад”.

Чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад. Сарвари давлат зикр кард, ки таъмини аҳолӣ бо ғизо вазифаи стратегӣ буда, қафомонӣ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии калидӣ, метавонад ба устувории бозори дохилӣ таъсир расонад.

Дар ин робита ӯ ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои пурра ба анҷом расонидани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин, нуриҳои маъданӣ дастуру супоришҳо дод.

Ғайр аз ин, сарфи назар аз оғози ҷамъоварии ҳосили нав, кишвар то ҳол ба воридот вобаста боқӣ мемонад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, аз моҳи январ то апрели соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии ҳудуди 5,3 млн доллар қариб 30 ҳазор тонна картгошка ворид шуда, 550 тоннаи он ба маблағи 155,4 ҳазор доллар бо нархи 0,28 сент барои 1 кг барои картошкаи тухмӣ истифода шудааст. Нархи  1 кг дигар навъи картошка 0,18 сент афтодааст.

Барои муқоиса: соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 17,2 млн доллар зиёда аз 80 ҳазор тонна ва соли 2023 – ба маблағи 11,36 млн доллар 47 ҳазор тонна картошка ворид карда шуда буд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми воридоти картошка дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ аллакай зиёда аз 37% аз ҳаҷми умумии воридот дар соли 2024-ро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, поинравии арзиши миёнаи 1 кг ба мушоҳида мерасад. Солҳои пешин 1 кг картошка тақрибан 0,21 сент нарх дошт.

То 19 майи соли 2025 нархи 1 кг картошка дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5,88 сомониро ташкил медиҳад. Нархи пасттарини 5 сомонӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ва баландтарин – 7,75 сомонӣ дар ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шудааст. Дар Душанбе нархи 1 кг картошка аз 5,8 то 6,5 сомониро ташкил дода, дар Бохтару Кшониён – 6 сомонӣ ва Хоруғу Хуҷанд мутаносибан 6,63 сомонӣ нарх дорад. Ба сурати умум, нархҳо дар ҳудуди соли гузашта боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...