Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Муҳоҷироне, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав қарор доранд, муваззаф мешаванд, замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, то мақомоти рус тавонанд аз макони ҷойгиршавии онҳо огоҳ бошанд. Коршиносон мегӯянд, ин ба мақомоти Русия имкон медиҳад, то ба маълумоти шахсии муҳоҷирон дастрасӣ пайдо кунанд.

Ба навиштаи нашрияи “Коммерсант”, Лоиҳаи қонуне, ки дирӯз, 20-уми майи соли 2025, Думаи давлатии Русия қабул кард, тартиби нави назорати макони ҷойгиршавии муҳоҷиронро муайян мекунад.

Бар асоси ин тартиб, муҳоҷирон уҳдадор ҳастанд, ки замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, ки тавассути он мақомоти Вазорати корҳои дохилаи Русия имкон доранд макони ҷойгиршавии муҳоҷиронро назорат кунанд.

Замимаи мобилӣ ҳангоми гирифтани хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, сабти изи ангушт ва аксбардорӣ ба маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар Сахарово дар телефони муҳоҷирон боргузорӣ карда мешавад. Онҷо муҳоҷир иҷоза медиҳад, ки мақомоти Русия ба маълумот дар бораи макони ҷойгиршавиаш дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин нашрия менависад, ки “муҳоҷир уҳдадор мегардад, ки маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол кунад. Онҳо инчунин муваззафанд, ки дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи ивази ҷойи истиқоматашон мақомотро огоҳ кунанд”.

Агар муҳоҷир кӯшиши сарпечӣ аз назорати ҷойгиршавии макони истиқоматашро кунад ба феҳристи шахсони таҳти назорати ин кишвар ворид карда мешавад. Имкон ҳаст ӯро аз ин кишвар ихроҷ ҳам кунанд.

 

Ин тарҳи қонун ба ҷуз муҳоҷирон, барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди шаҳр ва вилояти Маскав мешаванд. Ноболиғон, дипломатҳо ва оилаи онҳо ва шаҳрвандони Белорус аз иҷрои тартиби нав озод ҳастанд.

“Тартиби қабулшуда имкон медиҳад, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир, назорат дар соҳаи муҳоҷират пурзӯр карда шавад ва ҳамчунин ба коҳиши қонуншиканиҳо ва ҷиноятҳо дар ин самт мусоидат намояд”, – гуфтааст Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар шарҳи лоиҳаи ин қонун.

Бояд гуфт, ки тартиби нав ба муддати чор сол ва танҳо дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ба таври таҷрибавӣ амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2029 ин тартиб дар тамоми Русия ҷорӣ карда шавад.

 

Дахолат ба ҳаёти шахсӣ

Коршиносон мегӯянд, насби замимаи мобилӣ барои назорати макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ба мақомоти Русия имкон фароҳам меорад, ки ба дигар маълумотҳои шахсӣ низ дастрасӣ пайдо кунанд ва ин кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсиро зери шубҳа мебарад.

Рустам Гулов, коршиноси технологияҳои нав аз Тоҷикистон мегӯяд, дар умум, аз эҳтимол дур нест, ки тариқи ин афзорак на фақат маълумот дар бораи ҷойгиршавии корбарон ҷамъ карда шавад, балки дигар маълумоти шахсӣ низ – аз маълумот дар бораи хусусиятҳои смартфон оғоз карда, то дастрасӣ ба рӯйхати рақамҳову дигар афзоракҳои насбшуда ҳам дастрас гардад.

“Ин аллакай аз он вобаста аст, ки дар ниҳояти кор он афзорак чӣ гуна сохта мешавад ва чӣ вазифаҳоро ба он илова мекунанд”, – зикр мекунад Рустам Гулов.

Ҳуқуқшинос, Анна Минушкина ба “Коммерсант” гуфтааст, ки лоиҳаи қонун кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсиро зери шубҳа мебарад.

Ӯ таъкид кардааст, ки моддаҳои 23 ва 24-и Конститутсияи Русия дахлнопазирии ҳаёти шахсиро кафолат дода, ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маълумот дар бораи шахс иҷоза намедиҳад. Татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба ин меъёри Конститутсия мухолиф аст ва кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсиро зери шубҳа мебарад.

Бояд гуфт, Русия рӯз аз рӯз қоидаву қонунҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар қаламравашро сангин ва печида мекунад.

Аз ҷумла, чанде пештар ин кишвар муқаррар кард, ки шурӯъ аз 30-юми июни соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд. Ин ҳам лоиҳаи таҷрибавӣ доир ба муосирсозии қоидаҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки дар ин бора қарори ҳукумати Русия аз 7-уми ноябри соли 2024 баромада буд.

Ин ҳама қоида ва қарорҳои нав кор ва будубоши муҳоҷиронро дар Русия душвор мекунад. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...