Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро, ки муҳоҷиронро дар шаҳр ва вилояти Маскав муваззаф мекунад, замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, то мақомоти рус тавонанд аз макони ҷойгиршавии онҳо огоҳ бошанд, имзо кард.

Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки ин санад рӯзи гузашта, 23-юми май аз сӯи Владимир Путин имзо шудааст. Қаблан лоиҳаи қонуни мазкурро рӯзи 20-уми май Думаи давлатии Русия қабул карда буд.

Бояд гуфт, ки тартиби нав ба муддати чор сол ва танҳо дар ҳудуди шаҳр ва вилояти Маскав ба таври таҷрибавӣ амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки шуруъ аз моҳи сентябри соли 2029 ин тартиб дар тамоми Русия ҷорӣ карда шавад.

Бар асоси ин санад, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон роҳандозӣ мешавад. Ҳамакнун муҳоҷирон уҳдадор мешаванд, ки замимаи махсуси мобилиро дар телефонашон боргирӣ кунанд, ки тавассути он Вазорати корҳои дохилаи Русия имкон дорад макони ҷойгиршавии муҳоҷиронро назорат кунд.

Замимаи мобилӣ ҳангоми гирифтани хадамоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, сабти изи ангушт ва аксбардорӣ ба маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират дар Сахарово дар телефони муҳоҷирон боргузорӣ карда мешавад. Онҷо муҳоҷир иҷоза медиҳад, ки мақомоти Русия ба маълумот дар бораи макони ҷойгиршавиаш дастрасӣ пайдо кунанд.

Муҳоҷирони корӣ муваззафанд, ки дар давоми се рӯзи корӣ дар бораи ҷои зисти худ ва ё ивази ҷойи истиқоматашон мақомотро огоҳ кунанд.

Дар сурати сарпечӣ аз назорати ҷойгиршавии макони истиқоматӣ онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорати ин кишвар ворид карда мешавад. Дар сурати ворид шудани муҳоҷир ба ин рӯйхат мақомоти ин кишвар ӯро метавонанд ихроҷ ҳам кунанд.

Ин тарҳи қонун ба ҷуз муҳоҷирон, барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди шаҳр ва вилояти Маскав мешаванд.

Ноболиғон, дипломатҳову оилаи онҳо ва шаҳрвандони Белорус аз иҷрои тартиби нав озод ҳастанд.

Коршиносон мегӯянд, насби замимаи мобилӣ барои назорати макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ба мақомоти Русия имкон фароҳам меорад, ки ба дигар маълумотҳои шахсӣ низ дастрасӣ пайдо кунанд ва ин кафолати дахлнопазирии ҳаёти шахсиро зери шубҳа мебарад.

Бояд гуфт, Русия рӯз аз рӯз қоидаву қонунҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар қаламравашро сангин ва печида мекунад. Махсусан ин кор пас аз ҳамла ба толори “Крокус”дар Маскав дар аввали соли 2024 шиддат гирифт.

Ин ҳама қоида ва қарорҳои нав кор ва будубоши муҳоҷиронро дар Русия душвор мекунад. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...