Ҷашнвораи “Салом, тобистон!” ҳазорон нафарро шод кард

Asia-Plus

Шоми рӯзи 30-юми май Душанбе воқеан тобистона буд. Дар ин рӯз на танҳо ҳаво гарм, ҳамчунин ҳазорон нафар хушу болидарӯҳ буданд, зеро дар “Боғи Ирам”, дар ҷашнвора анъанавии “Салом, Тобистон!”, ки аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” роҳандозӣ гардид, иштирок доштанд.

Имсол ҷашнвора ҳудуди 7 ҳазор меҳмонро гирдиҳам овард: кӯдакону калонсолон, шунавандагони содиқи Радиои “Азия-Плюс” ва шахсоне, ки бори нахуст ба ин чорабинӣ омадаанд. Ҳамчунин афродеро, ки аллакай чанд сол боз ҳамроҳи мо оғози фасли тобистонро ҷашн мегиранд.

 

Қитъаи сабз, мусиқӣ ва хандаи кӯдакон

Аз соати 16:00 ҳудуди “Боғи Ирам” ба ҷазираи рангоранги тобистона табдил ёфт. Ин ҷо гӯшае барои хӯрок, минтақаҳои бозӣ ва макони аксбардорӣ таҳия шуда буд. Аз тамоми гӯшаву канор, дар пасманзари табиати шукуфо аз гулу сабза садои мусиқиву хандаи кӯдакон ба гӯш мерасид.

 

Ровиёни шинохта Лола Абдуназарова ва Меҳрубон Зокирӣ ва ҳамчунин мудири барномаҳои радиои “Азия-Плюс” Субҳон Ҷалилов меҳмононро шодбош гуфтанд. Ӯ дар бораи то кадом андоза муҳим будани чунин вохӯриҳо изҳори назар кард.

Дар идома намояндаи шарики кулли ҷашнвора – ширкати “Оби Зулол” ҳам ба ӯ ҳамроҳ шуд.

 

Ҳозирин ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии “Жасмин”-ро, ки ду навъи рақси кӯдакона намоиш доданд, хеле хуб истиқбол гирифтанд. Баъдан, аз ҷониби ровиён озмунҳои шавқовар бо ҷоизаҳо аз шарикони ҷашнвора шурӯъ шуданд. Яке аз лаҳзаҳои ҷолиб намоиш аз ҷониби ҳунармандони сирк шуд, ки кӯдаконро ба ваҷд овард.

Ҳамзамон, бо барномаи асосӣ дар қитъаҳои гуногуни ҷашнвора дигар чорабиниҳо ҳам ҷараён доштанд. Кӯдакон бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи фимлҳои тасвирӣ рақсида, ба расмкашӣ машғул буданд ва чеҳраи худро бо рангҳои гуногун оро меоданд.

 

Дар майдони футбол мусобиқаи хурд доир гардида, бо истифода аз “микрофони боз”-и “Азия-Плюс” хоҳишмандон ба волидонашон самимона изҳори миннатдорӣ карданд.

Меҳмонон дар ҳамаи қитъаҳои ҷашнвора таронаҳо сароиданду рақсиданд, шоҳмотбозӣ карданд ва ҳатто ба йога ҳам машғул шуданд.

 

 

Ҷашнворае, ки ба анъана табдил ёфт

“Салом тобистон!”-ро бисёриҳо аллакай ҳамчун рамзи оғози фасли тобистон ва анъанаи нек мешуморанд. Ин на танҳо як ҷашн, балки имконест барои вохӯрӣ, ёдоварии муҳим будани гузаронидани вақт бо оилаву дӯстон ва ҳамроҳ истироҳату фароғат кардан мебошад.

 

Шомгоҳон, ҳангоми тарк кардани “Боғи Ирам” меҳмонон на танҳо ҷоизаву мукофот ва аксҳо, балки муҳимтар аз ҳама — рӯҳияи хуберо барои тамоми фасли тобистон бо худ бурданд.

 

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба ҳамаи ширкатҳое, ки ба ташкили ин ҷашн ба мо кумаки худро дареғ надоштанд, изҳори миннатдорӣ мекунад. Азз ҷумла ба шарики кулл "Оби Зулол", шарики расмӣ – ширкати "Линдавит", мактабҳои кӯдаконаи "Акварелька", "Арт Дошан" ва мактаби робототехникаи "ROBX", студияи "YogaHouse", Маркази фароғати кӯдаконаи "Мадагаскар". Ҳамчунин, "Пайкар", "Додо Пицца", "Форам", "Чокоберри" ва  МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка”-и шаҳри Душанбе дар сафи дӯстони мо қарор доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...