Мақомот барои “дуздии барқ” як ширкатро 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва бар зидди се корманди барқ парванда боз кардаанд

Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Оҷонсии навтаъсиси назорат дар соҳаи энергетика як корхонаро барои дуздии барқ беш аз 44,5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, нисбати се корманди шабакаҳои тақсимоти барқӣ як ноҳия барои бемасъулиятӣ дар иҷрои уҳдадорҳои касбӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Дар ин бора Оҷонсӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ҶДММ “Собир-САМ” дар сохтмони мактабе дар Файзобод барқи дӯздӣ истифода мекарданд.

“Бинобар бемасъулиятии роҳбарияти Шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод ҶДММ “Собир сам”, ки дар деҳаи мазкур муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд намуда истодааст, бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва бе насби ҳисобкунаки барқӣ, яъне ғайриқонунӣ неруи барқро истифода мебурд”, – навиштааст Оҷонсӣ.

Мақомот роҳбарияти ин корхонаро барои ин кор 44 ҳазору 513 ҷарима кардаанд.

Назари роҳбарияти ин ширкати сохтмонӣ маълум нест.

Манбаъ навиштааст, ки нисбати се корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Файзобод низ бо гумони “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ ва иҷро накардани уҳдадорӣ” (моддаи 394 қисми 3-и КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ нисбати гумонбарон то 2 ҳазору 625 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Назари кормандони Шабакаҳои барқ дар робита ба ин масъала маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ, то ин муддат мақомот аз боз шудани чанд парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ хабар доданд, ки ба “дузд”-ии барқ гумонбар мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Он дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...