Навбат барои хариди гӯшт. Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ дар куҷо ташкил шудааст?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Барои харидани гӯшт, картошка ва пиёз дар ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе сокинон ба навбат истодаанд. Дар ин ҷо 1 кг гӯшт – 65 сомонӣ, 1 кг картошка – 4 сомонӣ ва 1 кг пиёз – 2 сомонӣ аст.

Ба иттилои масъулин, дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуд:

– ноҳияи Исмоили Сомонӣ – дар бозори “Меҳргон”;

– ноҳияи Шоҳмансур – дар боғи “Куруши Кабир”;

– ноҳияи Фирдавсӣ – дар “Бозори Саховат”;

– ноҳияи Сино – дар Маркази савдои “Шому саҳар”.

Ин маърака бо мақсади “ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал” роҳандозӣ шудааст.

Ҳамасола дар арафаи идҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои кишвар гарон мешавад ва ин сабаби нигарониву шикояти сокинон гардидааст.

Субҳи имрӯз “Азия-Плюс” аз ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар боғи “Куруши Кабир” боздид кард. Ин ҷо маҳсулоти ниёзи аввал, ба мисли гӯшт, картошка, пиёз, орд, равған, шакар, меваҳо ва шириниву қаннодиҳои гуногун ба фурӯш гузошта шудаанд.

Аксари сокинон барои харидории гӯшт дар навбат истодаанд. То кунун чанд мошинҳои хурди картошка ва пиёз ҳам холӣ шудаанд. Ба гуфтаи сокинон, дар ин ҷо нархи маҳсулот, ба фарқ аз бозорҳо, то 50 дарсад арзон аст.

Мухлиса Орипова, як сокини пойтахт, гуфт, ки “1 кг гӯштро ба 65 сомонӣ харидам. Дар дигар бозорҳо нархи он 90 сомонӣ аст. Дар ин ярмарка арзонтар, барои ҳамин мардум навбат мепоянд”.

Ҳошим, сокини дигари Душанбе, ки хариди бисёр кардааст, гуфт, ки нархи картошкаву пиёз ҳам, нисбати бозорҳо, фарқкунанда аст:

“Ин ҷо 1 кг картошка 4 сомонӣ аст, дар бозорҳо – 7 сомонӣ, ин ҷо 1 кг пиёз 2 соманӣ аст, дар бозорҳо – 4 сомонӣ. Боз дар шабу рӯзи ид савдогарони бозор нархҳоро қимматтар мекунанд”.

Ӯ гуфт, ки чунин ярмаркаҳо агар зиёд шаванд, мардум камтар бозор мераванд, фурӯшандаҳои фурсатталаб харидор намеёбанд, маҷбур мешаванд, ки нархҳоро арзон кунанд.

Қаблан, сокинон аз сифати пасти маҳусоти дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта танқид мекарданд.

Дар ин ярмарка Агентии захираҳои моддии давлатӣ, “Тоҷикматлубот” ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе маҳсулотро ба фурӯш гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъули “Тоҷикматлубот” нахост бо “Азия-Плюс” дар бораи ин ярмарка суҳбат кунад ва талаб намуд, ки аз ярмарка акс нагирем.

Ёдовар мешавем, ки ин ярмарка имрӯз ва пагоҳ, 4 ва 5-уми июн, дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...