Танҳо 4 ширкат иҷозаи таксиронӣ доранд. Ҳашт ширкат аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум шуданд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе танҳо ба 4 ширкати мусофиркашонӣ иҷоза додааст, ки дар пойтахт фаъолият кунанд ва дар умум, 12 ҳазор мошин дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.

Дар қарори нав, ки бо имзои яке аз муовинони шаҳрдори пойтахт ба ширкатҳои кирокаш ирсол шуда, нусхаи он дастраси "Азия-Плюс" гардид, зикр мешавад, ки минбаъд дар ҳудуди пойтахт танҳо ширкатҳои “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” ҳаққи фаъолият доранд ва ҳар яке аз ин ширкатҳо метавонанд 3 ҳазор таксӣ дошта бошанд. Аз онҳо талаб шудааст, ки квотаи ҷудошударо қатъӣ риоя кунанд.

Шаҳрдории Душанбе ба чор ширкате, ки иҷозаи мусофиркашонӣ дар пойтахтро дарёфт карданд супориш додааст, ки дар дохили таксиҳо камераҳои назоратӣ насб намоянд, пардохтро ғайринақдӣ қабул ва ба мусофирон расид пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин, дастур шудааст, ки кирокашҳои ин ширкатҳо берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул нашаванд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан шаҳрдории пойтахт хабар дода буд, ки то тобистони соли гузашта дар Душанбе 12 ширкати кирокаш бо 4350 мошин ба аҳолӣ хидмат мерасонанд.

Пас аз қарори нави шаҳрдорӣ, тақдири 8 ширкати дигари кирокаш чӣ хоҳад буд, номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, як моҳи охир ронандагони бархе аз ширкатҳо дар шабакаҳои иҷтмоӣ шикоят доранд, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ рақами мошинашонро мекананд ва монеи фаъолияташон мешаванд. Бархеи онҳо иддао мекарданд, ки мошинҳояшонро аз бонк қарз гирифта харидаанд ва ҳар моҳ бояд пули онро бипардозанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...