Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 25-уми июн Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафт. Сафари ӯ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт ва роҳи марказии ноҳия ва як қатор муассисаву корхонаҳо, аз ҷумла 7 кӯдакистон, толори варзишиву парки саноатӣ ва чанд корхонаи саноатиро дар ин ноҳия  ба истифода дод.

Хадамоти матбуотии президент навиштааст, ки мақсади сафар ба ин минтақа, "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" мебошад.

Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия "сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд".

Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода дод. Ин роҳ аз ду хатти ҳаракат иборат буда, дар маҷмуъ 16 километрро ташкил медиҳад.

Дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд шуда, дарахтони ороишию сояафкан низ шинонида шудаанд.

Раиси ҷумҳур дар идома корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК “Мармар Стоун”-ро ифтитоҳ намудааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навиштааст, ки корхонаи “Мармар Стоун” дар як сол имкони истеҳсоли 40 ҳазор тонна маҳсулотро дорад. Дар коргоҳ 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки коргоҳ чор хатти истеҳсолӣ дошта, дар он беш аз 20 намуди сангҳои табиӣ коркард мешаванд. 

“Коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ бо таҷҳизоти насли нави рақамӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ ва ё ба истилоҳ мозайка дар коргоҳҳо 10 ҳазор метри мукааб ва коркарди сангҳои мармар бошад, 160 ҳазор метри мукаабро дар як сол ташкил хоҳад дод”, – навиштааст манбаъ.

Баъди ифтитоҳи ин корхона Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ 7 кӯдакистонро, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ намудааст.

Гуфта мешавад, ки 4 кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3-и дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.

Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар идома бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови ноҳияи Ванҷ толори варзишӣ ифтитоҳ гардидааст. Манбаъ менависад, масоҳати умумии иншооти варзишӣ 615 метри мураббаъро ташкил дода, аз толори асосӣ, тенниси рӯи миз, ҳуҷраҳои маъмурият, ивази либос ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин варзишгоҳ бо варзишгарон мулоқот анҷом додааст. Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншооти варзишӣ  мавҷуд аст.

Раиси ҷумҳур дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди истифода қарор додааст. Он дар масоҳати 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад.

Дар ин корхонаҳо истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шудааст.

“Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз яке аз манбаъҳои ҳукумати ВМКБ ба “Азия-Плюс” ҷиҳати сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят иттилоъ дода буд. Гуфта мешуд, ӯ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон ва таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сафар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир моҳи октябри соли 2024 ба ВМКБ сафар карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...