“Як миллион долларро рабуданд”. Абдурозиқ суратҳисоби бонкӣ ва саҳифаашро дар “Instagram” баргардонидааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдурозиқ Эгамов, блогери шинохтаи тоҷик, пас аз се моҳи рахна шудани суратҳисоб (корт)-и бонкӣ ва саҳифаи инстаграмаш, ки 8 миллион корбар дошт, дубора ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст. Аммо беш аз 1 миллион долларро аз корташ рабудаанд.

Муборакшо Эгамов, амаки Абдурозиқ Эгамов дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, бо ёрии вакили дифоъ рӯзи 26-уми июн саҳифаи инстаграм ва корти бонкии ин блогер баргардонида шуд.

Аммо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, маблағи суратҳисоби бонкии Абдурозиқро “кайҳо аз худ карданд”, ки “зиёда як аз миллион доллар” будааст.

Муборакшо Эгамов афзуд, ҳоло талош доранд ҳақи истифодаи канали блогерро дар шабакаи “YouTube” ва саҳифаашро дар “TikTok” бозпас гиранд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш Абдурозиқ Эгамов аз рахна шудани саҳифаҳояш дар “Instagram”, “YouTube” ва “TikTok” хабар дода, гуфта буд, ки “ҳамчунин, аз ҳисобҳои бонкиаш ҳамаи пулҳояшро ҳам гирифтанд”.

Муборакшо Эгамов он вақт гуфта буд, Абдурозиқ се сол пеш бо ширкати мусиқии “IFCM” шартнома баста буд. Тибқи шартнома дар ҳолати қатъи ҳамкорӣ, бояд ба ширкат 1 миллион доллар ҷарима пардохт мекард. Тақрибан шаш моҳи пеш муҳлати шартнома ба охир расид ва тибқи қарордод, шаш моҳи дигар ҳуқуқи истифодаи саҳифаҳои ӯро доштанд.

"Аммо баъди гузаштани ин муҳлат, ҳамаи саҳифаҳои Абдурозиқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рахнагарон шикастанд ва аз 1-уми апрел бе розигии ӯ ба нафъи худ истифода мекунанд”, – афзуда буд амаки Абдурозиқ.

Муборакшо Эгамов зикр кард, ки Абдурозиқ ҳоло бо як ширкати дигар шартнома баста, ҳамкориро оғоз намудааст, аммо аз ошкор кардани номи ин ширкати нав худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Эгамов машҳуртарин блогери тоҷик мебошад. Саҳифаи ӯ дар шабакаи “Instagram”, ки ҳоло ба он дастрасӣ пайдо кард, қариб 8 миллион ҳамванд дорад. Ба саҳифаи ӯ дар “YouTube”, ки ҳоло ба гуфтааш дастрасӣ надорад, 1,5 миллион нафар обуна шудаанд.

Дар бораи Абдурозиқ ва нақшаҳои ӯ аз матлабе, ки “Азия-Плюс” чанде пеш, зимни сафари ин блогери шинохта ба Тоҷикистон таҳия кард, метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...