Ҷузъиёти ба дарё партофтани 4 кӯдак аз сӯи модар дар Фархор

Asia-Plus

Дар Фархор як зани 27-сола худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Мақомот мегӯянд, сабаби ҳодиса моҷарои оилавӣ будааст.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳодиса шаби 29 ба 30-юми июн, байни соатҳои 00:00 ва 01:00 рух додааст.

Манбаъ, аз ин зан Мадина Ҳалимоваи 27-сола, сокини деҳаи Сафарови ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор ном бурда гуфт, “зан баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад".

Аз чаҳор кӯдак, се тани онҳо духтар ва яке писар буда, калонии онҳо панҷсола ва аз ҳама хурдӣ ҳамагӣ чандмоҳа будаанд. Онҳо Латофат, Зайнаб, Ёсамин, ва Муҳаммад ном доштаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ин зан аввал ду кӯдак ва баъдан ду кӯдаки дигарро бо худ ба дарё партофтааст. Вале худаш каме поинтар аз об берун шуда, кӯдаконро об бурдааст.

Манбаъ гуфт, то ҳол ҷасади ду кӯдак пайдо гардида, ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигар идома дорад.

Ҳоло ин зан дастгир шуда, барои одамкӯшӣ ё моддаи 104 нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилии кишвар низ ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо тафсилоти бештар надоданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 30-юми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳое паҳн гардид, ки гуфта мешуд, як зан 4 фарзанди худро ба дарё партофтааст. Дар наворҳо дида мешуд, ки масъулини мақомот аз дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Ин бори аввал нест, ки чунин ҳодиса иттифоқ меафтад. Қаблан низ борҳо занон қасди куштори худ ва кӯдаконашонро карда буданд. Моҳи августи соли 2020 зани 30-солае дар ноҳияи Рашт бо се фарзандаш худро ба дарёи Сурхоб партофта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...