Баъди Душанбе ва Пекин байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар ҳам парвози ҳавопаймо барқарор шуд

Asia-Plus

Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Қошғари Ҷумҳурии мардумии Чин дигарбора барқарор шудааст. 

Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, дар ин масир имрӯз, 1-уми июл аввалин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин анҷом ёфт.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар дар масири Хуҷанд-Қошғар-Хуҷанд ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикитон моҳи марти имсол гуфта буд, ки парвозҳо дар ин масир аз 15-уми апрели соли ҷорӣ тавассути ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines” ба роҳ монда мешаванд. Вале маълум нест, ки чаро парвозҳо беш аз ду моҳ ба таъхир афтодаанд.

Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми июн баъди чанд соли таваққуф, аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе – Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд.

Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро карда мешаванд.

Аз Пекин ҳавопаймо соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз карда соати 21:00 ба Душанбе фуруд меояд. Бозпас аз Душанбе ҳавопаймо соати 22:30 дақиқа парвоз карда, соати 7:20 дақиқаи рӯзи дигар ба Пекин мерасад.

Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.