Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад

Ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин сар аз 15-уми апрели соли ҷорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии ҳавонавардии кишвар хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин сар аз 15-уми апрели соли ҷорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии ҳавонавардии кишвар хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои сешанбе анҷом меёбад. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар – Хуҷанд – Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Қарор буд, ки парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба анҷом шавад. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.

Қаблан, Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Тсзи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар як мулоқот масъалаи боз кардани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Аммо баъди се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон ин хатсайрҳо боздоштанд ва соли 2017 дубора барқарор гардид, лекин баъди чанде боз боздошта шуданд. Сабаби боздоштани дубора маълум нест.

Бояд гуфт, ки миёни Тоҷикистону Чин ҳоло танҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ парвозҳо анҷом мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.