Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд

Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд. Ин масъала рӯзи 11 март дар вохӯрии роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масоили васеъ кардани хатсайрҳо […]

Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд. Ин масъала рӯзи 11 март дар вохӯрии роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масоили васеъ кардани хатсайрҳо ва боз намудани хатсайрҳои нави мустақим баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва густариши сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Тсзи Шумин зикр кард, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ байни кишварҳо Чин ҳамчунин ният дорад, ки аз шаҳрҳои дигаи ин кишвар ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави мустқим боз кунад.

Хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Пас аз се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон, лозим омад, ки хатсайрҳо боздошта шаванд. Онҳо соли 2017 дубора барқарор гардида, лекин баъди чанде боз бекор шуданд.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Хатсайр танҳо бо Урумчӣ барқарор шуд, ҳарчанд соли 2022 сардори Раёсати танзими авиатсияи граждании Агентӣ хабар дода буд, ки аз 23 июни соли 2022 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим бо Пекин тавофуқ ҳосил кардаанд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд. Парвоз тариқи ин хатсайрро ширкати ҳавопаймоии Chandu Airlines анҷом медиҳад. Парвоз бо хатсайри Қошғар – Хуҷанд – Қошғар ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, вақти парвоз 1,5 соатро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.