Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад

Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент баргузор мешаванд. То охири […]

Asia-Plus

Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент баргузор мешаванд. То охири моҳ дар кишвар чунин чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ баргузор мешавад:

– рӯзи 15-уми март дар шаҳри Хуҷанд дави дӯстии наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;

– аз 10 то 12-уми март дар “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”-и вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ бо ҳузури 40 варзишгар;

– аз 10 то 14-уми март дар  Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ ҷараён дорад, ки 80 варзишгар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат мекунанд;

– рӯзҳои 11-13-уми март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо ширкати 124 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;

– аз 12 то 14 -уми март дар  Исфара мусобиқаи байналмилалии волейбол миёни духтарон баргузор мегардад, ки дар он 4 даста бо ҳам рақобат мекунанд;

– рӯзҳои 14-16 -уми март дар  Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии мини-футбол баргузор мешавад, ки 16 даста бозӣ мекунанд;

– рӯзҳои 15-19-уми март дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии теннис бо иштироки 26 варзишгар аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегардад;

– рӯзҳои 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказиии Панҷакент мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия бо ҳамдигар рақобат мекунанд;

– аз 25 то 27-уми март дар  Истаравшан мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия вориди майдон рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол ҷашни асосии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷкистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд дар матлаби мазкур мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.