Мақомот боз чанд фурӯшандаи дигарро барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо додаанд

Пулиси Душанбе бар зидди панҷ фурӯшандаи дигар барои боло бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мақомот дар пайи санҷишҳо боз чанд далели дигаре, ки фурӯшандаҳо гӯштро аз нархи муайяншуда қиммат фурӯхтаанд, маълум кардаанд. “Аз ҷумла, шаҳрвандон Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Пулиси Душанбе бар зидди панҷ фурӯшандаи дигар барои боло бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мақомот дар пайи санҷишҳо боз чанд далели дигаре, ки фурӯшандаҳо гӯштро аз нархи муайяншуда қиммат фурӯхтаанд, маълум кардаанд.

“Аз ҷумла, шаҳрвандон Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр, ки ба фурӯши гӯшт машғуланд, бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ нархро қиммат намуда, ба қонуншиканӣ даст задаанд”, – навиштааст Раёсати ВКД дар пойтахт.

Мақомот алайҳи онҳо барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои соҳибкороне, ки бо панет фаъолият мекунанд аз 1 ҳазору 500 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 3 ҳазору 750 то 4 ҳазору 500 сомонӣ (аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 4 ҳазору 500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ (аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 ҳазор сомонӣ то 225 ҳазор сомонӣ (аз 2  то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешнинӣ мекунад.

Назари худи фурӯшандаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки мақомот чанд рӯз қабл низ алайҳи панҷ фурӯшанда барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки фурӯшандаҳо нархномаи гуштро 75-сомонӣ навишта, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ мефурӯхтаанд.

Ёдрас мешавем, ки Раёсати ВКД дар пойтахт қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Мақомот гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки  ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруъи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.