Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад

Пулиси Душанбе аз тоҷирону соҳибкорон хостааст, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набардоранд. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” меандешад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт изҳорот нашр кардааст.  Дар хабари Раёсат гуфта мешавад, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба […]

Пулиси Душанбе аз тоҷирону соҳибкорон хостааст, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набардоранд. Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” меандешад. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт изҳорот нашр кардааст

Дар хабари Раёсат гуфта мешавад, як зумра шаҳрвандони фурсатталабе ҳастанд, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ, аз ниёзмандии мардум истифода бурда, нархи маҳсулоти хуроквориро гарон мекунанд.

“Ин амали баъзе аз тоҷирон воқеан хилофи шариат ва берун аз ахлоқи инсонист”, – таъкид мешавад дар хабар.

“Вобаста ба ин, кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал, санҷишҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Вале ин омили номатлуб ҳанӯз ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронист", – гуфтааст Раёсати ВКД дар пойтахт.

Бо назардошти ин, Раёсат аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват карда кардааст, ки мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ доранд, зеро дар акси ҳол, дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева ва хушкмева гарон мешаванд.

Қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ бо ишора ба ин масъала изҳор намуд, ки ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи маҳсулот ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине аст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.

Ӯ аз ҳадиси ин Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ёдовар шуд: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусалмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.