Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд

Дар ду моҳи аввали соли 2025 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳи январи соли 2025 шохис (индекс)-и умумии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ 100,6%-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 болоравии нарх ба сурати умум 3,6%-ро ташкил дод. Ин аз он […]

Дар ду моҳи аввали соли 2025 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳи январи соли 2025 шохис (индекс)-и умумии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ 100,6%-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 болоравии нарх ба сурати умум 3,6%-ро ташкил дод. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи таваррум дар кишвар муътадил боқӣ монда, лекин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба назар мерасад.

Яке аз тағйироти назаррас гароншавии биринҷ аст. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи он то 9,5% ва моҳи декабри соли 2024 0,5 боло рафтааст.

Гӯшти гову гӯсфанд низ ба таври назаррас – 25,% гарон шудааст.

Дар моҳи январи соли 2025 нархҳо аз ҳама зиёдтар ба равғани пахта (+20,5%), равғани офтобпараст (+9,3%), маҳсулоти ширӣ (+5,9%), аз ҷумла шир (+7,7%)  ва чакка (+2,1%) боло рафтанд.  

Дар байни сабзавот аз ҳама бештар карам (+47,0%), сабзӣ (+37,8%) ва сирпиёз (+22,2%) қимат шуданд.

Аммо баъзе маҳсулот арзон шуд. Дар гурӯҳи маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) нархҳо ба андозаи 1,1% поин рафта, дар ҳамин ҳол марҷумак (гречка) ба андозаи 19,4% ва орд – 9,8% арзон шуд. Дар байни меваҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бахусус нархи лимӯ (-48,3%), ангур (-33,9%) ва банан (-5,1%) поин рафтааст.

Нархҳо ба маҳсулоти асосӣ вобаста ба сифати онҳо фарқ доранд. Мо нархҳои миёнаро меорем, ки рӯзи 3 марти соли 2025 дар бозору супермаркетҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар охири моҳи Рамазон мо боз нархҳоро ба маҳсулоти дар боло зикршуда санҷида, чӣ гуна тағйирёбии онҳоро муқоиса мекунем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.