Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта

Дар натиҷаи боронҳои шадиде, ки рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида мешавад, дирӯз, 27-уми март дар як қатор мавзеъҳо сел омада, боиси талафоти чандин гӯсфанд, сангрезӣ ва афтидани дарахт гардидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки дирӯз дар мавзеи Овзекент, ки байни марзи ноҳияҳои Б. Ғафуров […]

Дар натиҷаи боронҳои шадиде, ки рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида мешавад, дирӯз, 27-уми март дар як қатор мавзеъҳо сел омада, боиси талафоти чандин гӯсфанд, сангрезӣ ва афтидани дарахт гардидааст.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки дирӯз дар мавзеи Овзекент, ки байни марзи ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Мастчоҳ ҷойгир аст, аз кӯҳ сел фаромада, боиси ҳалокати 24 сар чорвои хурд шудааст. Чорвои талафёфта ба хоҷагии ҷангали вилояти Суғд тааллуқ доштааст.

Ҳамчунин, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбековаи ноҳияи Ишкошими Бадахшон аз сабаби барфрезии зиёд дар хонаи истиқоматии як сокини ин маҳал дарахти бузурге чаппа шуда, ба манзил зарари моддӣ расонидааст. Миқдори зарари расида маълум нест.

Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи дигар дар километри 425-и роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Ванҷ, ки аз ҳудуди ҷамоати Водхуди Ванҷ мегузарад, рух додааст. Дар ин мавзеъ дар натиҷаи фурӯпошии сангҳои бузург ду мошини сабукрав ва як экскаватор осеб дида, дар пайи сангрезӣ роҳ баста шудааст.

Ба иттилои кумита, дар ҳеҷ кадоми ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар пайи ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар сокинонро аз хатари тармафароӣ, сел ва фурӯпошии сангҳо огоҳ карда, ҳушдор додааст, ки аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.

Бояд гуфт, рӯзҳои охир аз вазъи ноҳамвори роҳи Душанбе-Хоруғ наворҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди боронҳои шадид ҳаракати нақлиёт, махсусан нақлиёти вазнин дар ин роҳ душвор шудааст.

Қаблан, рӯзи 15-уми март низ сел дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ба хоҷагиву ҳавлиҳои мардум зарар расонда, роҳҳоро бо лой ва регу шағал пур карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.