Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд

Владимир Путин, президенти Русия амреро имзо кард, ки тибқи он муҳлати кор бидуни патент барои муҳоҷирон дар минтақаҳои азхудкарда дар натиҷаи ҷанг бо Украина ва ё ба қавли худи мақомоти ин кишвар "субъектҳои нави Русия" – ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дароз карда шуд. Ин имкон аз моҳи апрели соли 2023 ҳам вуҷуд […]

Владимир Путин, президенти Русия амреро имзо кард, ки тибқи он муҳлати кор бидуни патент барои муҳоҷирон дар минтақаҳои азхудкарда дар натиҷаи ҷанг бо Украина ва ё ба қавли худи мақомоти ин кишвар "субъектҳои нави Русия" – ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дароз карда шуд. Ин имкон аз моҳи апрели соли 2023 ҳам вуҷуд дошт, акнун муҳлати он то 31-уми декабри соли 2025 тамдид шуд.

 

Агар дар дигар минтақаҳои Русия кор кунед, патент лозим аст?

Кор бидуни патент танҳо дар ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дахл дорад. Дар дигар минтақаҳо патент лозим аст.

Бояд донед, ки ҳамаи ин қаламравҳо минтақаи ҷанг ё ба қавли Русия "амалиёти ҳарбӣ" бо Украина мебошанд. Дар ин ҷо ҳаёти шумо зери хатар қарор мегирад.

 

Ягон ҳуҷҷати дигар ман лозим аст?

Барои шумо патент лозим намешавад, лекин лозим меояд, ки чунин амалҳоро анҷом диҳед:

– дар шуъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ изи ангушт супоред;

– аз муоинаи тиббии истеъмоли маводи нашъаовар ва гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан Вируси норасоиии масунияти бадан (ВНМО) гузаред.

 

Аз корфармо чӣ талаб карда мешавад?

Маъмулан корфармоён барои ба кор қабул кардани муҳоҷир, бояд иҷозаи дахлдор гиранд. Ғайр аз ин, онҳо бояд ҳиссаеро ба инобат гиранд, ки чӣ қадар муҳоҷиронро бо кор метавонанд таъмин кунанд. Аммо дарҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон чунин маҳдудиятҳо барои корфармоён вуҷуд надоранд.

 

Ҳоло нархи патант чанд аст?

Гаронтарин патент дар соли 2025 дар минтақаи Краснодар – 17 120 рубл муқаррар шудааст. Пас аз ин вилояти Челябинск – 15 00 рубл ва вилояти Твер  14 973 рубл қарор доранд. Арзонтарин патент дар Чеченистон – 3 113 рубл амал мекунад.

Бо нархи патентҳо дар минтақаҳои Русия дар ин маводи мо метавонед муфассалтар шинос шавед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.