Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд

Дар ҷараёни нишасти 20-уми Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар Ашқобод намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас изҳор дошт, ки таҳримҳои Иттиҳод ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ осеб мерасонанд, лекин ИА ба нодида гирифтани онҳо тариқи ин минтақа роҳ намедиҳад. Дар ин бора […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни нишасти 20-уми Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар Ашқобод намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кайя Каллас изҳор дошт, ки таҳримҳои Иттиҳод ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ осеб мерасонанд, лекин ИА ба нодида гирифтани онҳо тариқи ин минтақа роҳ намедиҳад. Дар ин бора РБК иттилоъ медиҳад.

«Иттиҳоди Аврупо 16 бастаи таҳримҳо ҷорӣ кард, то мошини ҷангии Русияро заиф созад ва мо рӯйи таҳияи бастаи 17-ум кор мекунем. Ман мефаҳмам, ки ин таҳримҳо ба иқтисоди шумо зарар мерасонанд, аммо маълум аст, ки ҳама хоҳони хатми ин ҷангем. Роҳ додан лозим нест, ки ширкатҳои Русия барои раҳоӣ аз ин таҳримҳо ба Осиёи Марказӣ муроҷиат кунанд”, — гуфтааст намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо.

Дар 20-умин нишасти Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 27 март дар Ашқобод баргузор шуд, вазирони корҳои хриҷии Қазоқиситон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба оқибатҳои ҷанги Русия ва Украина, алоқаи мутақобилаи нақлиётӣ ва рақамӣ, энергетика, савдо, маориф ва захираҳои обӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар нишаст оид ба мудофиа, ки рӯзи 27 март дар Париж доир гардид, тақрибан 30 роҳбари кишварҳои аврупоӣ кӯшишҳои минбаъда дар самтро баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа президенти Украина Владимир Зеленский ҳузур дошт.

Рӯзи 27 март сарони кишварҳои Аврупо эълом доштанд, ки таҳримҳо алайҳи Русияро бекор карданӣ нестанд ва ин ба раванди гуфтушунидҳо суръат мебахшад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор намуд, ки вақти бекор кардани таҳримҳо алайҳи Русия ҳоло фаро нарасидааст.

Кир Стармер, нахуствазири Британияи Кабир зикр кард, ки таҳримҳо бекор нахоҳанд шуд ва барои фишори иловагӣ нисбат ба Русия бо мақсади оғоз кардани гуфтушунидҳо, мумкин аст онҳо шадидтар шаванд.

Дар доираи нишаст дар Париж роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен низ чунин изҳори назар кард.

Ӯ илова намуд, ки Брюссел ба таҳримҳо ҷиҳати фишор болои Русия идома медиҳад.

Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таъкид доштанд, ки барои сабук кардани таҳримҳо розигии якдилонаи ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳод талаб мешавад, ки то расидан ба “сулҳи боадолат ва фарогир” аз эҳтимол дур аст. Комиссияи Аврупо ҳамчунин хабар дод, ки таҳримҳо алайҳи Русия ҳадди ақалл то 31 июл, ки дар ин рӯз оид ба тамдид намудани онҳо овоздиҳӣ доир мегардад, бекор карда намешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.