Бемори рӯҳӣ ё қасос барои зани дуюм? Суҳбат бо шавҳару падари зане, ки чор фарзандашро ба дарё андохт

Asia-Plus

Бо гузашти як рӯз аз нашри хабари аз сӯйи модар ба дарё андохтани чаҳор кӯдаки ноболиғ дар ноҳияи Фархор, шавҳару падари ин зан фарзияи “бо эҳсоси рашк ва барои зани дуюм гирифтани шавҳар”-ро рад карда, “бемори рӯҳӣ” будани ин модарро сабаби фоҷеа муаррифӣ карданд.

Ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб шаби 29 ба 30-юми июн Мадина Ҳалимоваи 27-сола баъди “аз зани дуюм гирифтани шавҳараш огоҳ шудан” бо мақсади қасдситонӣ худ ва 4 фарзанди ноболиғашро ба дарёи Сурхоб партофтааст. Дар ниҳоят ин зан зинда монда, чор кӯдаки ноболиғаш ҷон бохтаанд.

Ин ҳодиса дар ҷомеа густурда баррасӣ ва маҳкум шуд. “Азия-Плюс” шаҳвар ва падари ин занро пайдо кард ва фарзияи онҳоро шунид.

Қудратулло Шарифов, шавҳари Мадина Ҳалимова ба “Азия-Плюс” фарзияи “зани дуюм”-ро рад карда, гуфт, бо ҳамсараш зиндагии хуб дошт ва миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ буд.

“Як рӯз пеш аз ҳодиса тибқи фармоиш бо мошинам аз Бохтар ба Кӯлоб арӯс овардем. Як нафар зан гирифта буд. Баъди ин ба Фархор баргаштам ва ба хонаи холаам, ки даргузашта буд, барои ҳамдардӣ рафтам. Тахминан соати 23 ба хонаи худам рафтам. Ду фарзандам хоб буданд. Бо ҳамсару ду фарзанди дигар хӯрок хӯрда, каме бозӣ кардем. Тахминан соати 23:30 хоб кардем”, – гуфт Қудратулло Шарифов.

Ӯ зикр кард, ки субҳи баъди ҳодиса аз хоб хеста, ҳамсару фарзандонашро дар хона наёфтааст.

“Аввал фикр кардам, ки шояд ба хонаи волидонам, ки дар ҳамсиягӣ аст, рафта бошанд. Аммо вақте таваҷҷуҳ кардам, пойафзоли кӯдакон дар ҷояшон истодаанд, аммо на худашон ва на ҳамсарам нестанд”, – гуфт ӯ.

Ӯ зикр мекунад, ки вақти ҷустуҷӯ мактуби ҳамсарашро бо чунин мазмун пайдо кардааст: “Отаи Латофат, маро бубахш, ман дар зиндагӣ барои ту зани хуб шуда натонистам, хидмати туро карда натавонистам”.

Қудратулло Шарифов гуфт, баъди хондани мактуб ба кӯча баромад ва пайвандони худу ҳамсарашро аз бедарак шудани фарзандону ҳамсараш огоҳ кард ва ба ҷустуҷӯ пардохт. Баъдан ба милитсия рафта, ариза навишт.

 

“Дар милитсия будам, ки додарам занг зада, гуфт, ки занатро пайдо кардем. Бо кормандони мақомот ба ҷойи ҳодиса рафтем. Занам дар назди онҳо гуфт, ки шаб як-ду одами қавиҷусса омада, маҷбур карданд, ки хезу кӯдаконро ба дарё парто, маҷбурам карданд ва ман кӯдаконро бурдаму дар дарё партофтам”, – гуфт Қудратулло Шарифов.

Ин мард иддао дорад, ки “бидуни изтироб ба дарё партофтани фарзандонро нақл кардани ҳамсараш нишонаҳои бемории рӯҳӣ аст”, ки қаблан низ мушоҳида шудааст.

“Қаблан низ шабҳо ҳарза мегуфт. Ду-се сол пеш акааш низ худкушӣ карда буд”, – зикр кард ӯ.

Сайфулло Ҳалимов, падари Мадина Ҳалимова ҳам дар як суҳбати телефонӣ иброз намуд, ки духтараш бо домодаш зиндагии хуб доштанд ва “зани дуюм гирифтани домодаш асос надорад”.

Ӯ нахост бештар аз ин суҳбат кунад ва танҳо гуфт, пас аз ҳодиса бо духтараш суҳбат накардааст.

Бояд гуфт, дар ин ҳодиса Латофат Абдуллохонзодаи 5-сола, Зайнаб Абдуллохонзодаи 3-сола, Ёсамин Абдуллохонзодаи 2-сола ва Муҳаммад Шарифзодаи думоҳа ҷон бохтанд.

Қудратулло Шарифов гуфт, то ҳол ҷасади ду фарзандаш – Зайнаб ва Муҳаммад пайдо шудааст, аммо ҷустуҷӯи Латофат ва Ёсамин идома дорад.

Мадина Ҳалимова бошад, дастгир шуда, барои одамкушӣ ё моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нахуст дар бораи ба дарё андохтани чаҳор кӯдак аз сӯйи модар дар ноҳияи Фархор дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд. Дар наворҳо дида мешуд, ки масъулини мақомот аз дарё ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд.

Баъдтар КҲФ ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт “зан баъди он, ки аз зани дигар гирифтани шавҳараш огоҳ мешавад, бо мақсади қасд гирифтан, шабона худ ва кӯдаконашро ба дарё меандозад”.

Аз ВКД ҳам ба дарё андохтани кӯдаконро тасдиқ карда, аммо аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...