ЧОРАБИНИҲОИ 2 ИЮЛ
– Дар Тоҷикистон аври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон, ки дирӯз оғоз гардид, ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин пайванди маводи мо шинос шавед.
– Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола идома дорад. Мусобиқа, ки дар “Кохи Олимп” доир мегардад, дирӯз оғоз гардид ва то 7-уми июл идома мекунад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик имрӯз ба анҷом мерасад. Маросими ифтитоҳии намоигоҳ рӯзи 25-уми июн доир гардида буд. Имрӯз низ алоқамандон метавонанд аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ИЮЛ
Соли 1990 – Иҷлосияи XXVIII Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардид, ки он анҷумани охирин ва таърихии ин ҳизб буд.
Соли 2003 – Консепсияи ягонаи Эътилофи зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон қабул карда шуд.
Соли 2012 – Раиси вақти шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тағйири реҷаи кори муассисаҳои фароғату истироҳатро пешниҳод кард ва он ба Маҷлиси вакилони халқи Душанбе ирсол гардид.
Мувофиқи таклиф, реҷаи кори муассисаҳои фароғатӣ, субъектҳои фарҳангӣ ва хизматгузории шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон то соати 23:00 ва дар мавсими баҳору тобистон то соати 24:00 дароз карда шуда, агар ин иншоот дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ воқеъ набошанд, метавонанд то соати яки шаб фаъолият кунанд.
Соли 2013 – Ҳизбҳои мухолиф ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ таъсис доданд.
Cоли 2022 – Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1929 – Мавлуди Хайрӣ Назарова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Хайрӣ Назарова яке аз ҳунармандони саршиноси замони шӯравии тоҷик буда, фаъолияти худро ба ҳайси сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) шурӯъ намудааст.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст.
Ӯ дар аксар намоишномаҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақши Зўҳро дар намоишномаи “Тоҳир ва Зӯҳро”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Райҳон дар “Арўси панҷсўма”, Савсан дар “Номус”, Ширин дар “Афсонаи ишқ”, Қумрӣ дар “Дил-дили Зайнаб”, Ҷамила дар “Бой ва хизматгор”, Нигина дар “Рўдакӣ”, Манижа дар “Бежан ва Манижа”, Соттӣ дар “Исёни арўсон” ва ғайра нақш офаридааст.
Ҳамчунин, дар намоишномаҳои театрии “Ромео ва Ҷулетта”, “Шоҳ Лир”, “Отелло”-и У. Шекспир ба ҳайси ҳунарпеша ширкат кардааст.
Хайрӣ Назарова 10-уми майи соли 2020 дар 90-солагӣ даргузашт.
Соли 1942 – Мавлуди Қурбон Восеъ, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Соли 1961 – Зодрӯзи Зикриё Акрамӣ, муаррих, директори пешини Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
2-юми июл ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи уфолог ҷашн гирифта мешавад. Уфология илмест, ки объектҳои парвозкунандаи номаълумро меомӯзад ва ин рӯз ба онҳое бахшида шудааст, ки падидаҳои ғайритабиӣ ва номаълумро меомӯзанд ва бо объектҳое кор мекунанд, ки пайдоиши онҳо ба олами берун аз Замин нисбат дода мешавад.
Термини “уфология” аз ихтисораи англисии UFO (Unidentified Flying Object) баромадааст, ки муодили тоҷикии он “объекти парвозкунандаи номаълум” аст.
Ин сана ба ҳодисаи мармузе иртибот дорад, ки дар охири моҳи июн ё аввали июли соли 1947 дар биёбони наздики шаҳри Розуэлли иёлати Ню-Мексикои ИМА рух додааст. Бино ба гузоришҳо, як объекти номаълум ба замин сарозер шудааст ва бисёриҳо онро “табақи парвозкунанда” бо махлуқоти кайҳонӣ медонанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти амниятии Амрико ҳамаи маълумотро махфӣ эълон карданд, ки сабаби пайдоиши шубҳа ва тахминҳои зиёде гардид.
Рӯзи 2-юми июли соли 1698 ихтироъкори англис ва муҳандиси низомӣ Томас Севери барои ихтирои аввалин муҳаррики буғӣ патенти расмӣ ба даст овард. Муҳаррики ӯ ҳамчун “насоси оташнишонӣ” барои баровардани об аз конҳо сохта шуда буд.
Дар матни патент омадааст, ки “ин ихтироъ барои бардоштани об ва ба ҳаракат даровардани дастгоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ тавассути қувваи оташ аҳамияти бузург дорад, бахусус барои хушк кардани конҳо, обрасонӣ ба шаҳрҳо ва ҳамчун манбаи нерӯи ҳаракат барои корхонаҳое, ки аз обу шамол истифода бурда наметавонанд”.
Бо вуҷуди муваффақияти аввалия, муҳаррик нуқсон дошт ва ҳар дафъа буғ бо хунук шудани зарф талаф мешуд ва фишори зиёд сабаби мунфаҷир шудани зарфу қубурҳо мегардид. Бо ин вуҷуд, муҳаррики Севери дар кашидани об аз конҳои ангишт истифода мешуд. Ин ихтироъ оғози тавлиди муҳаррикҳои пешрафта гардид ва роҳро барои инқилоби саноатӣ ҳамвор сохт.
Ҳамасола 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии рӯзноманигори варзишӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба рӯзи таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ дар Порис дар таърихи 2-юми июли соли 1924 рост меояд.
Ин ташкилоти касбӣ имрӯз тақрибан 150 иттиҳодияи миллии рӯзноманигорон аз 130 кишвари ҷаҳонро муттаҳид менамояд ва барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои рӯзноманигорони соҳаи варзиш талош меварзад. Аз соли 1995 ба ин сӯ, ин сана ҳамчун Рӯзи расмии рӯзноманигорони варзишӣ шинохта мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 2 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 23+28º гарм то 31+33º гарм, рӯзона 40+45º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 34+39º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 39+41º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 40+42º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 32+34º гарм.


