ЧОРАБИНИҲОИ 5 ИЮЛ
– Имрӯз соати 17:00 дар "Кӯли Душанбе" ҷашнвораи бузурги мусиқӣ доир мегардад. Сарояндаи асосии шоми мусиқӣ Фаррух Ҳасанов аст. Дар ҷашнвора зери осмони кушод баргузории як қатор чорабиниҳои фароғатӣ, намоиши рақсӣ дар назар буда, меҳмононро тӯҳфаҳои гуногун интизор аст. Арзиши чипта барои вуруд 100 сомонӣ аст.
– Имрӯз, соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоишномаи “Ман дар ёд дорам” ба саҳна гузошта мешавад ва ин театр бо ин намоишнома мавсими театриро ҷамъбаст мекунад. Ин намоишнома аз рӯйи асари Чингиз Айтматов гирифта шудааст.
– Имрӯз дар даври сеюми рақобатҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дастаи занонаи Тоҷикистон бо Фаластин ва Малайзия бо Куриёи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе рақобат мекунанд.
– Дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олии Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома мекунад. Дар 21 шаҳру навоҳии кишвар 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ ташкил шудааст. Бо суроғаи марказҳои имтиҳонсупорӣ дар тамоми кишвар дар ин маводи мо шинос шавед.
– Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) байни духтарони то 16-сола идома дорад. Мусобиқа, ки дар “Кохи Олимп” доир мегардад, дирӯз оғоз гардид ва то 7-уми июл идома мекунад. Дар он дастаҳои духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 ИЮЛ
Соли 2004 – Дар Душанбе нахустин Бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар маросими расмии кушодашавии он Шоҳзода Оғохони IV, собиқ пешвои исмоилиёни ҷаҳон иштирок кард.
Соли 2006 – Бо қарори додгоҳ фаъолияти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Фаъолияти он бо дархости Вазорати адлияи Тоҷикистон “бинобар ғайриқонунӣ фаъолият карданаш” муваққатан қатъ шуда буд.
Соли 2012 – Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҷурабек Охунов, роҳбари ширкати вақти “Мовароуннаҳр”-ро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ баъди адои ҷазо аз зиндон озод шуд.
Соли 2013 – Дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакунӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2019 – Барномаи сесолаи "SWITCH-Asia" барои кишварҳои Осиёи Марказӣ расман оғоз ёфт. Он ба рушди истеҳсолу истеъмоли устувор ва гузариш ба иқтисоди сабз равона шуда буд.
Соли 2021 – Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бинои маъмурии Нерӯгоҳи барқии обии “Себзор” ба истифода дода шуд.
Соли 2024 – Бинои нави парлумон ва ҳукумат ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Си Ҷин Пин, раисҷумҳури Чин иштирок намуд.
Соли 2024 – Миёни Тоҷикистон ва Чин беш аз 20 санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 – Зодрӯзи Абдуллоҷон Ғаффорзода, адабиётшинос ва муҳаққиқи тоҷик.
Соли 1956 – Зодрӯзи Маҳмадтоир Зокирзода, раиси пешини парлумони Тоҷикистон.
Маҳмадтоир Зокирзода дар гузашта вазири кишоварзии Тоҷикистон, муовини сарвазири кишвар ва раиси парлумони Тоҷикистон буд.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Селиноград бо ихтисоси муҳандис-заминсоз буда, фаъолияти худро дар Институти лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем” оғоз ва солҳо дар ин институт фаъолият намудааст. Баъдан дар Девон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи президент дар бахши агросаноат фаъолият кардааст.
Ӯ як муддат директори генералии Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозӣ – “Тоҷиккоинот”, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ буд.
Зокирзода солҳои 2010-2015 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ кор карда, солҳои 2015-2016 вазири кишоварзии Тоҷикистон ва солҳои 2016-2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд.
Соли 2020 Маҳмадтоҳир Зокирзода аз ҳавзаи Рашт вакили парлумон интихоб, дар авалин ҷаласаи даъвати шашуми парлумон раиси парлумони Тоҷикистон интихоб гардид ва то соли 2025 раиси палатаи поёнии парлумон буд.
Соли 1968 – Зодрӯзи Мавлудаи Равшанёр, публисист, тарҷумон ва шоири тоҷик.
Соли 1971 – Мавлуди Адибаи Хуҷандӣ, шоири тоҷик.
Соли 2012 – Самариддин Фазлиддинов, яке аз тоҷирони муваффақи Тоҷикистон ва муассиси ширкати маъруфи “Самар”, буд, дар 60-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1971 – Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар 64-солагӣ даргузашт.
Муҳаммадҷон Қосимов яке аз саромадони театри касбии тоҷик буда, бо офаридани нақшҳои барҷаста дар ташаккули театри касбии тоҷик саҳм гузоштааст. Ӯ, ки дар кӯдакӣ аз падар ятим монда, бори гарони ятимиро кашидааст, аввал дар мактаби куҳна, баъд дар интернати шӯравӣ ва муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошкент таҳсил кардааст. Қосимов соли 1929 бо ташкили гурӯҳи драмавӣ дар Риштон ба эҷоди ҳунарӣ пардохтааст.
Номбурда аз соли 1931 то охири умр ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд. Ӯ дар саҳнаи театр нақшҳои барҷаста офаридааст, аз ҷумла нақши Ҳайдарбек дар “Духтари чӯпон”, Раҳимбек дар “Калтакдорони сурх”, Отелло дар “Отелло”, Лир дар “Шоҳ Лир”, Ҳусайни Бойқаро дар “Алишери Навоӣ”, Солеҳбой дар “Бой ва хидматгор” ва ғайра.
Дар синамо бошад, нақши Азимшоҳ дар “Дохунда”, Кова дар “Ливои оҳангар”, Зол дар “Достони Рустам”, Саҳл ибни Мансур дар “Қисмати шоир”-ро офаридааст.
Ҳамчунин ба ҳайси коргардон якчанд намоишномаҳоро ба саҳна гузоштааст. Имрӯз Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон дар шаҳри Душанбе ба номи Муҳаммадҷон Қосимов аст.
Соли 2021 – Дӯстмурод Саидмуродов, арбоби ҳизбию давлатӣ, шарқшинос, собиқ директори Институти шарқшиносии Тоҷикистон дар 90-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
5-уми июли соли 1841 оғози гардишгарии гуруҳӣ дар ҷаҳон дониста мешавад. Дар ин рӯз таблиғгари англис ва яке аз муборизони фаъоли зидди майнӯшӣ – Томас Кук нахустин сафари гурӯҳии сайёҳиро ташкил намуд. Бо ташаббуси ӯ, ширкати роҳи оҳани "Midland Counties Railway" барои 570 коргар як қатораи махсус ҷудо кард, ки онҳоро аз шаҳри Лейстер то Лафборои Англияи Марказӣ бурда овард.
Ин сафар пурра “бенӯшокӣ” (бидуни машруботи спиртӣ) буд ва ҳамчун як иқдоми иҷтимоӣ ва маърифатӣ сурат гирифт. Он на танҳо яке аз нахустин сафарҳои ташкилшуда ба ҳисоб меравад, балки ибтидои сайёҳии муташаккил ва гуруҳӣ дар ҷаҳон гардид.
Минбаъд Томас Кук сафари гурӯҳиро ба Аврупо ва солҳои 1860-ум ба Амрико шурӯъ кард. Ӯ аввалин оҷонсии сайёҳии касбиро таъсис дод, ки номи ӯро то имрӯз дар таърихи гардишгарӣ зинда нигоҳ медорад.
5-уми июли соли 1865 дар назди Вазорати молияи Амрико Хадамоти махфӣ (Secret Service) таъсис ёфт. Вазифаи асосии он мубориза бо қалбакӣ кардани пул ва коғазҳои қиматнок буд, зеро дар он давра қариб як сеюми пулҳои дар гардишбудаи Амрико қалбакӣ буданд.
Минбаъд хадамот ба як сохтори муҳим табдил ёфт. Аз соли 1867, ин ниҳод ҳаққи тафтишоти ҷиноятҳои алайҳи давлатро пайдо кард. Баъдан, аз соли 1894, муҳофизати Президенти Амрико ва аз соли 1917 аъзои оилаи ӯ ба уҳдаи ҳамин хадамот гузошта шуд.
Имрӯз Хадамоти махфӣ ба ҳимояи президенту муовинонаш, собиқ сарони давлат, номзадҳо ба мансабҳои олии давлатӣ ва меҳмонони расмии хориҷӣ машғул аст. Он ҳамчунин Кохи Сафед, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар муассисаҳои муҳимро муҳофизат мекунад.
5-уми июли соли 1881 бостоншиноси маъруфи мисрӣ Эмил Бругш дар минтақаи Дейр-ал-Баҳрӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри қадимаи Луксор, як гӯрхонаи махфии фиръавнҳоро кашф кард. Ӯ дар як ғори зеризаминӣ даҳҳо тобути сангини орододашударо бо мумияҳои шоҳони қадим ёфт, аз ҷумла Сети I, Аменхотеп I, Тутмос III ва Рамзеси II, ки яке аз маъруфтарин фиръавнҳои таърихи Миср ба ҳисоб меравад.
Баъдан муайян гардид, ки ин мумияҳоро тақрибан соли 1110-и то милод, бинобар нооромии вазъ ва хавфи ғоратгарӣ, аз оромгоҳҳои аслии худ ба ин макони махфӣ интиқол дода буданд. Ин кашфиёт яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин ёдгориҳои бостоншиносӣ дар таърихи Миср маҳсуб мешавад. Мумияҳо ва ашёҳои ёфтшуда ба шаҳри Қоҳира бурда шуда, ба Осорхонаи миллии Миср супурда шуданд ва то имрӯз дар он ҷо нигоҳдорӣ ва намоиш дода мешаванд.
5-уми июл дар як қатор кишварҳо ҳамчун Рӯзи меҳнатдӯстон ҷашн гирифта мешавад. Он ба нафароне бахшида шудааст, ки аз ҳад зиёд ба кор вобастаанд ва вақти худро пурра ба фаъолияти касбӣ мебахшанд.
Ин рӯз ба он хотир таъсис ёфтааст, ки мардум аз оқибатҳои манфии зиёд ба кор вобаста буданашон огоҳ шаванд ва барои тавозуни кор ва зиндагии шахсӣ талош варзанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, рӯзона 39+44º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 45+47º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 36+41º, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 32+37º гарм (дар н. Дарвоз то 40+42º гарм), дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 17+19º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 41+43º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 25+27º гарм, рӯзона 42+44º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 35+37º гарм.


