Музокираи ҳастаии Эрон бо се кишвари аврупоӣ. Эҳтимол, аввалин нишаст дар Истанбул баргузор шавад

Asia-Plus

Эрон бо се кишвари аврупоӣ – Олмон, Фаронса ва Бритониё дар мавриди барномаи ҳастаӣ музокирот мекунад ва интизор меравад, ки нахустин музокирот дар Истанбули Туркия баргузор гардад.

Ба тавиштаи ВВС, Эрон таъкид дорад, ки музокироти ҳастаӣ бо се кишвари аврупоиро аз мавқеи “қавитар ва мустаҳкамтар” идома хоҳад дод. Ин изҳорот пас аз ҷанги 12-рӯзаи ахир дар минтақа садо дод.

Ҳамзамон, Эрон талошҳои Аврупоро барои фаъол кардани баргардонидани таҳримҳо “ботил ва ғайриқонунӣ” медонад.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, бо тасдиқи баргузор гаштани музокироти ҳастаӣ бо се кишвари аврупоӣ, гуфтааст, ки бо назардошти вазъияти баъд аз ҷанги 12-рӯза, “Ҷумҳурии Исломӣ дар ин музокирот бо мавқеи қавитар баромад хоҳад кард”.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, эълон кард, ки музокирот рӯзи ҷумъаи 25-уми июл дар шаҳри Истанбул ҷараён мегирад ва он дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои мазкур баргузор хоҳад шуд.

 

Мактуб ба СММ ва мавқеи Эрон

Аббос Ароқчӣ рӯзи 20-уми июл дар номае ба Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният, таъкид кардааст, ки ҳар гуна талоши се кишвари аврупоӣ барои фаъол кардани механизми баргардонидани таҳримҳо “ботил ва ғайриқонунӣ” аст.

Дар ин нома, Ароқчӣ ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ (Созишномаи ҳастаӣ) ва нақзи тааҳудот аз ҷониби се кишвари аврупоии узви БАРҶОМ интиқод кардааст.

 

Ӯ изҳор доштааст, ки “Фаронса, Бритониё ва Олмон ҳақ надоранд “механизми моша”-ро (баргардонидани таҳримҳо) фаъол кунанд ва набояд ба онҳо иҷоза дода шавад, ки бо сӯиистифода аз қатъномае, ки худашон ба он пойбанд набуданд, эътибори Шӯрои Амнияти СММ-ро суст кунанд”.

Се кишвари аврупоӣ ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо қаблан ба Эрон ҳушдор дода буданд, ки агар то охири моҳи август ҳеҷ амали мушаххасе аз ҷониби Эрон анҷом нашавад, онҳо баргардонидани таҳримҳо фаъол хоҳанд кард.

 

Шартҳои Эрон

Вазирони корҳои хориҷии Олмон, Фаронса ва Бритониё бори аввал пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил дар ҷанги 12-рӯза, ду рӯз пеш бо Аббос Ароқчӣ сӯҳбат карда, аз Теҳрон хостанд, ки музокироти ҳастаиро фавран аз сар гирад.

Ароқчӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки “ҳар гуна даври нави музокирот танҳо замоне имконпазир аст, ки тарафи дигар омодагии расидан ба як созишномаи ҳастаии одилона ва мутавозин ва бар асоси манфиатҳои мутақобилро дошта бошад”.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки агар Иттиҳоди Аврупо ва се кишвари аврупоӣ мехоҳанд нақше иҷро кунанд, “бояд сиёсатҳои фарсудаи таҳдид ва фишор, аз ҷумла механизми бозгашти худкори таҳримҳоро, канор гузоранд”.

 

Муҳлати ниҳоӣ ва фишорҳо

Вазирони аврупоӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар то охири моҳи август пешрафте дар тавофуқи ҳастаӣ ҳосил нашавад, чорае надоранд, ки таҳримҳои ҷазодиҳандаи боздошташудаи бахше аз тавофуқи ҳастаии соли 2015-ро бори дигар амалӣ кунанд.

Муҳлати ниҳоӣ барои Эрон охири моҳи август аст. Манбаъҳои дипломатии аврупоӣ мегӯянд, ки мумкин аст ин муҳлатро тамдид кунанд, то замони бештаре барои музокирот фароҳам ояд, аммо дар айни замон онҳо мегӯянд, ки ҳанӯз саргарми баҳс дар мавриди замон ва макони ин дидор ҳастанд.

Эрон ҳамчунин зери фишор аст, то ба музокироти дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳида баргардад. Ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон мегӯянд, ки мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд, аммо ҳанӯз бенатиҷа аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...