ТАҚХ “Ҳумо” иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ гирифт ва “Ҳумо Бонк” шуд

Маводи шарикон

Ташкилоти қарзии хурди амонатии “Ҳумо” аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи расмии бонкдорӣ гирифт ва расман ба “Ҳумо Бонк” табдил ёфт.

Ба ин тартиб теъдоди бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳолати кунунӣ ба 17 адад расид.

Бояд гуфт, “Ҳумо” беш аз 20 сол пеш бо ташаббуси CARE International дар Тоҷикистон чун фонди қарздиҳии хурд ва 15 корманду 225 ҳазор сомонӣ сандуқи қарзӣ таъсис ёфт.

Фирдавс Маюнусов, раиси “Ҳумо Бонк” гирифтани иҷозатномаи бонкдориро гувоҳи расидан ба сатҳи баланди рушди ташкилот, шаффофият ва устуворӣ номид.

“Иин оғози марҳалаи навест, ки барои рушду тавсеаи бештари хидматрасониҳо замина мегузорад ва дар баробари ин, масъулияти моро дучанд мекунад”, – гуфт Фирдавс Маюнусов.

Ҳамчунин, ӯ аз саҳми Ваисова Мавсуда Сариевна, роҳбари аввали ташкилот ёдовар шуда, таъкид намуд, ки “дидгоҳи равшан, устуворӣ ва роҳбарии хирадмандонаи ӯ пояи рушди устувор ва муваффақонаи “Хумо”-ро гузошт”

Фирдавс Маюнусов илова кард, ки “бо итминон ба марҳалаи нав ворид мешавем ва омодаем, ки дастовардҳои 20 соли ахирро ҳифз намуда, боз ҳам рушд диҳем”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки давоми ду даҳсола “Ҳумо” ташаккул ёфт, рушд кард ва ду маротиба таҷдид гардида, ба яке аз муассисаҳои пешсафи молиявии кишвар табдил ёфт, ки ба аҳолӣ маҷмӯи васеи хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод мекунад.

Як марҳалаи муҳими рушди минбаъда — шомил шудани “Ҳумо” ба таркиби холдинги байналмилалии сармоягузории Gojo & Company, Inc. (Ҷопон) буд, ки дар моҳи сентябри соли 2021 саҳмдори асосӣ гардид. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки на танҳо сармояи хориҷӣ ҷалб гардад, балки таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар самти идоракунӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва рушди устувор ҷорӣ карда шавад.

Ҳамакнун, ки “Ҳумо Бонк” бонк шуд:

– зиёда аз 350 000 муштарӣ дар саросари Тоҷикистонро хизматрасонӣ мекунад;

– дорои 120 000 қарзгирандаи фаъол мебошад;

– ҳаҷми сандуқи қарзӣ зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ аст;

– ҳаҷми сандуқи амонатӣ зиёда аз 670 миллион сомонӣ аст;

– тақрибан 2000 нафарро дар саросари кишвар ба кор таъмин кардааст.

Минбаъд низ “Ҳумо Бонк” бо истифода аз дониш ва таҷрибаи дохилӣ ва кӯмаки байналмилалии Gojo & Company, Inc. фаъолияти худро бо мақсади тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва табдили рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад.

“Ҳумо” яке аз ташкилотҳои пешбари молиявии Тоҷикистон буда, ба панҷгонаи калонтарин ширкатҳои молиявии кишвар дохил мешавад. Саҳмдори асосии ширкат — холдинги байналмилалии сармоягузории Gojo & Company (Ҷопон) мебошад, ки ба стратегияҳои рушди устувор ва фарогирии молиявиро арҷ мегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...